БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занон нерӯи пешбарандаи ҲХДТ ва тарбиятгари насли нави ҷомеа (таасурот аз Анҷумани XIII ҲХДТ)

АНДЕША. Ман яке аз ҷавондухтарони хушбахтам, ки аввалин маротиба ба ҳайси вакил аз шаҳри Кӯлоб дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар он бевосита Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд ҳузур доштам.

Вохӯрии мазкур санаи 13-уми декабри соли равон дар шаҳри Душанбе дар "Кохи Борбад" доир гардид, ки дар он Сарвари давлат баромад намуда, қайд доштанд, ки занону бонувон дар меҳвари сиёсати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд.Ин боис гардид, ки 45%-и аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро занону бонувон ташкил медиҳад. Ҷалб намудани занон дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ин шаҳодат аз он аст, ки занон дар маркази диққати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Зеро масъулияти бештар ҷиҳати таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву миллатдӯстӣ маҳз бар души зан-модар аст.

Дар ин росто Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар ҷаҳони муосир, ки беш аз ҳар давраи дигар асосу мураккаб мебошад, махсусан имрӯз ифротгароиву терроризм ба як зуҳуроти бениҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал гардидаааст занонро мебояд дар тарбияи фарзандон масъулияти бештаро зоҳир намоянд.

Бояд гуфт, ки аз шаҳри Кӯлоб 44 нафар вакилон аз шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд, ки аз ин шумора 16 нафарро занон ташкил медод. Дар баробари ин боиси хушниди аст, ки як нафар зани фаъол аз шаҳри Кӯлоб - Одилзода Дилбар ба ҳайси аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Имрӯз, ки занону бонувон зери таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд, масъулияти мо занонро бештар намуда, водор месозад аз ҳар вақта дида ҳушёру зирак бошем ва зери сиёсати фарҳанпарварона ва ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва бунёди ҷомеаи воқеан ҳам демократӣ саҳми бевоситаи худро гузорем.

 

Мунаввараи Бозоралӣ - мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg