БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАН ВАТАНРО БЕШ АЗ ҲАРВАҚТА ДОРАМ ДӮСТТАР

ВОКУНИШ. Вақте, ки вожаи «Ватанро» мо бо забон меорем, ҷой ва маконе пеши назарамон ҳувайдо мегардад, ки он ҷо чашм ба олами ҳастӣ боз намуда, дар оғӯши ханда бавоя расидаем. Ватан ҷойгоҳи муқаддаси ҳар яки мост. То рамақ дар вуҷудамон ҳаст, то қалбамон метапад, ёд аз Ватан, ёд аз Меҳан кунему шаб то ба саҳар баҳри ободиву рушди он заҳмат бикашем...

Имрӯз дар ин олами пуртазод мо шоҳиди онем, ки ҳизбу ҳаракатҳои ифиродгаро ва террористӣ ба амният ва суботу оромиши кишварамон таҳдид эҷод намуда, арзишҳои милливу фарҳангӣ, таърихӣ ва дунявиамонро нодида гирифта истодаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки айни замон чунин гурӯҳҳои бо номи мухолиф дар хориҷи кишварамон ва маҳз бо пуштибонии хоҷаҳои хориҷиашон даст ба ин аъмоли ноҷавонмардона мезананд. Аммо ҳеҷ гоҳ онҳо ба ин мақсадҳои нопоки худ намерасанд.

Сол ба сол дар ҷаҳони пурошӯб баҳсу талошҳои идеологӣ марҳила ба марҳила вусъат меёбанд. Аз ин рӯ, ҳар як миллату давлат нисбат ба ҳифзи маърифатҳои миллии худ талош меварзанд. Дар ин замина Тоҷикистони азизи моҷиати ҳифзи арзишҳои миллӣ саъй менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, барои ҳар як инсон шароити зиндагии мусоиду арзанда фароҳам овардааст. Ин матлаб дар оғози матни Конситутсияи кишвар дарҷ гардида, асоси идеологияи давлати миллии моро ташкил медиҳад.

Вале имрӯз дар ҷомеаи мо ҳизбу ҳаракатҳое вуҷуд доранд, ки ин матлабро сарфи назар карда, мехоҳанд бо осонӣ тавассути чарбзабонӣ бо зикри камбудиву мушкилоти ҳаёти аҳли ҷомеа ва интиқодӣ фаъолияти мақомоти давлатӣ таваҷҷуҳи тардумро ба сӯйи худ ҷалб намоянд. Аз ҷумла, ТТЭ ҲНИ дар симои роҳбаро-ну намояндагони фаъоли худ ин роҳи боз ҳам содатарро идома диҳад.

Таҳлилу баррасиҳои ҷомеашиносон исботи онанд, ки ТТЭ ҲНИ бо наздикшавии чорабиниҳои муҳими сиёсӣ пайи амалӣ намудани ҳадафҳои гуногуни нопоки хеш талош меварзанд, махсусан, роҳбарияти ҳизби мазкур бо ҳар восита «исбот» мекунад, ки он гӯё бегуноҳ аст. Вале мардуми бофарҳанги тоҷик хуб медонад, ки касе ба нафъи мардум кори нек анҷом медиҳад, эҳтиёҷ ба таблиғу ташвиқ надоранд, зеро халқ довару дастгири онҳост.

Ба наздикӣ дар расонаҳои иттилоотии кишвар мақолаи «Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ-экстромистӣ эътироф кардааст»-ро («Минбари халқ», 27.11.2019, №48-1237) мутолиа намудам. Дар он ҷо бо далелҳои амиқ ва муътамад директори институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъмин Назар дафтари аъмоли ин ҳизби сиёсии дар кишвар фаъолияташ мамнуъшударо чапагардон намудааст. Аз ҷумла дар он мақола омадааст:

«Аз соли 2016 то соли 2018 сарпарастони хориҷӣ барои эҳтиёҷоти роҳбарияти ҲНИ беш аз се миллион долар ҷудо кардаанд. Ин маблағҳо ҳангуфт барои пешбурди кори иттилоотӣ, дастгирии молиявии тарафдорон ташвиқотчиёни ҳизб истифода мешуданд.

Моҳи марти соли 2015 дар ҷаласаи пинҳонӣ дар Душанбе бо иштироки раиси ҲНИ М.Кабирӣ, аъзои Шӯрои олии ҳизб, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Назарзода ва собиқ фармондеҳони саҳроии ин ҳизби террористӣ оид ба омодагии мусаллаҳ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ мувофиқа ба даст омад.., хадамоти махсуси хориҷӣ барои амалӣ намудани ин нақшаҳои ҷиноӣ маблағҳои зиёд интиқол дода буданд. Таҳти назорату роҳбарии бевоситаи раиси ҲНИ М.Кабирӣ зиёда аз 20-гурӯҳӣ мусаллаҳ ташкил гардида, ба А.Назарзода 1 миллиону 200 ҳазор доллар дода шуд. Ба хотири ҳарчи зудтар омода намудани исёни мусаллаҳона ва ба даст овардани қудрат, ҲНИ аз чизе рӯй намегардонад» («Минбари халқ», 27.11.2019, №48-1237).

Чи тавре, ки ба мо рӯшан аст, дар қатори дигар ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ҲНИ кӯшиши ҷалби ҷавононро ба сафи худ идома медиҳад, ки ин амнияти миллӣ ва минтақавиро зери хатари ҷиддӣ қарор медиҳад.

Имрӯз дар марзи Афғонистон, ба ғайр аз Толибон ва ДОИШ, боз дигар созмонҳои байналмилалии террористӣ чун ҲНИ мавҷуданд, ки ҳадафи асосии ҳамлаи онҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Бинобар ин, сокинони кашварро зарур аст, ки аз имконияту шароити фароҳами имрӯза пурра истифода бурда, саҳми арзандаи хешро дар ҷомеаи навини тоҷик гузоранд.

Чи тавре, ки Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид менамоянд: “Зиракиву ҳушёрии сиёсиашонро ҳар як фарди ватанхоҳ аз даст надиҳанд, оқибати анҷоми онро андеша намоянд”.

Ватани биҳиштосои мо модари муқаддаси кули сокинони мегӯянд. Мо ин Ватанро чун гаҳвараки чашм ҳифз кунем ва чи тавре, ки Лоҳути бузург фармудааст:

Бародарон, ба модари Ватан вафо кунем,

Агар ки сар талаб кунад, ба вай фидо кунем.

Мо, ки омӯзгорем ва дар ҳар як соату дарс ва машғулиятҳои хеш шогирдони худро талқин менамоем, ки аз тарси ҷон ва фирефта шудан ба пулу моли аҷнобиён ватанфурӯшӣ накунанд, сирру асрори Меҳани азизи худро дар қалбашон маҳфуз нигоҳ доранд ва ба ҳеҷ кас ифшо насозанд:

Мафрӯш обрӯйи Ватанро зи тарси ҷон,

Номи абад ба ҳиммати мардӣ харид кун.

Гуфтааст, шоири шаҳир ва ташвиқгари Ватан устод Абулқосим Лоҳутӣ.

Ман итминони комил дорам, ки баору номуси тоҷик дигар ба ҳарфҳои пучу беасоси назҳатҳо ҳеҷ гоҳ гӯш надода, барои ободӣ ва шукуфонии Меҳани азизамон дар якҷоягӣ заҳмат мекашанд ва насли нави ҷавонро дар риояи содиқ будан ба дастовардҳои Ватан тарбияи менамоянд.

 

Матлуба Раҳимова узви фаъоли ҲХДТ, директори МТМУ №1-и ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg