
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Таҳти ҳамин унвон бо иштироки аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Аксияи тозагии маҳал гузаронида шуд.
Дар Аксияи ҳизбӣ зиёда аз 50 нафар ҷавонони фаъоли муассисаҳои таълимии №1 ва №62 фаъолона иштирок намуда, кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомиро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуданд, ки ба ҳусни ҷамоати шаҳрак ҳусни дигар зам намуд.
Чунин корҳои ободонӣ пайваста бо ҷалби аъзо ваҷонибдорони ҲХДТ, алалхусус аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардида, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ менамоянд.