
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и ноҳияи Носири Хусрав бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрӣ таҳти унвони “Ҷавонон такягоҳи боэтимод ва ояндаи дурахшони Ватананд” баргузор гардид.
Дар баргузории чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ иштирок намуда, оид ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи муҳаббату самимият нисбати Ватан ва ба донишу маърифат ҷалб намудани насли ояндасози миллат суханронӣ карда, қайд намуданд, ки ҷавонони имрӯза аз муҳаббату самимияти беандозаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар мебошанд. Бо ифтихори иброз менамоем, ки онҳо ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Раиси муаззами ҲХДТ-ро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам ва талаботи замонро пайваста эҳсос менамоянд. Онҳо ба манфиатҳои миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худ дар раванди бархурдҳои ҷаҳонӣ бо зиракии сиёсӣ ҳимоя мекунанд.