БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ҒОЯҲОИ СОЗАНДА БА ХОТИРИ РУШДИ КИШВАР АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар  ташкилоти  ибтидоии «Сомони»-и ноҳияи  Шаҳритуз   бо  иштироки  намояндагони ҳизбӣ хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Дар  рафти  мулоқот   аз  ҷониби масъулин дар  бораи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти ҳизб,   аз ҷумла иҷроиши  Қонунҳои  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   «Дар  бораи  танзими  анъана  ва ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар  бораи  масъулияти  падару  модар   дар  таълиму  тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофоту бегонапарастӣ,ҷалби бештари ҷавонон ба донишандӯзиву касбу ҳунарҳои мардумӣ, ихтирооту варзиш ва омодагии ҳамаҷониба ба   ҷашни  30-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ, ки масъулияти баланди ватансозиро аз ҳар як шаҳрванди худогоҳ тақозо мекунад, андешаронӣ карда шуда, ҷамъомадагон ба дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, саҳм гузоштан ба корҳои созанда ҳидоят карда шуданд.   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg