БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИХОРМАНДАМ, КИ ЯКЕ АЗ ИШТИРОКЧИЁНИ АНҶУМАН БУДАМ

АНДЕША. Дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ ҳамчун вакил аз вилояти Хатлон пешбарӣ гардида, иштирок намудам. Дар воқеъ узви ҲХДТ будан шараф ва ифтихори бузург аст ва ҳамчун тарғиботчии идеяҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доимо сайъ мекунам, ки ақидаҳои демократӣ, дунявият ва адолати иҷтимоӣ  миёни мардуми ноҳияи Ёвон побарҷо бошад, зеро ки дар Оиннома ва Барномаи пешазинтихоботии ҳизбамон  махсусан зикр мегардад, ки мардумӣ будан, такя ба неруи  халқ доштан, содиқ ба Ватан будан асоси фаъолияти ҳизб аст. Маҳз ҳамин ғоя барои пешрафти ҷомеа замина мегузорад.

Воқеан, дар ахтари тафаккури  созандаи Пешвои миллат иқдому ташаббусҳои бешумори сиёсиву фарҳангӣ тавлид гаштаву Тоҷикистони азизро чун хазинаи зарҳалини тамаддуни ориёӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтааст.

Тавлиди идеяи ин ҳизби сиёсӣ низ, як ҷузъи замири созандаи Раиси муаззами ҲХДТ аст, ки мо имрӯз дар фазои сулҳу ваҳдат 25-умин солгарди онро ҷашн гирифта истодаем.

Хушбахтиам дар он аст, ки дар арафаи ҷашни 25- солагии таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ китоби навбатии ман таҳти унвони “Эътимоди халқ кафолати пирӯзии маост” аз чоп баромад, ки туҳфаи хубе буд барои ихлосмандон ва аъзову ҷонибдорони ҲХДТ мебошад.

Ҳамчун иштирокчии Анҷуман ифтихори дигарам аз он аст, ки аз номи вакилони Хатлонзамин дар ҳузури Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ суханронӣ намудам. Интихоб гардидани ман ба ҳайси аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии  ҲХДТ масъулияти манро барои хизмати содиқона намудан ба халқ ва иҷрои самаранокии Оиннома ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ даҳчанд гардонид, зеро ки мо занон посдорандаи сулҳу субот дар кишвар, тарбияи дурусти фарзанд ва дар роҳи рушди босуботи соҳаҳои мамлакат, ҳифзи дастовардҳои нодири он амсоли  Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати комили миллӣ талош бояд варзем ва  насли наврасро дар рўҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намуда, дар ивази ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ворисони лоиқи замонро ба ҷодаи зиндагӣ ҳидоят менамоем.

Саёҳат Абдуллоева,  ноҳияи Ёвон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg