БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ОЛИИ ҲИЗБ -ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ АСТ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Ҷамъомади ҳизбӣ ин навбат дар деҳаи Сомонӣ 1-и ҷамоати деҳоти Намуна бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб баргузор гардид.

Масъулон  мақсаду ҳадафи вохуриро шарҳ дода, оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва  «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» андешаронӣ намуданд. Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқот оиди дастовардҳои сокинон дар соли сипаришаванда қайд карда шуд. Раиси ташкилоти ибтидоӣ зимни баромадаш иброз дошт, ки дар соли сипаришаванда бо иқдоми сокинони маҳал як майдончаи варзишӣ сохта шуд, роҳу кӯпрукҳо таъмиру тармим гардиданд, мактаби деҳа қисман таъмир гардид, ба чанд оилаи ниёзмандони деҳа дар давоми сол кӯмакҳои хайриявӣ расонида шуданд.

Ин ҳама корҳои хайрхоҳона бо пешниҳоду дархости Пешвои муаззами миллат вобаста ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштани солҳои 2019-2021 буд, ки қадаме ба сӯи зиндагии шоистаи мардум мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg