ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии «Сарой-Камар»-и ҷамоати деҳоти Намуна бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ роҳандозӣ гардид.
Мулоқот бо иштирок ва суханронии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Пнҷ оғоз гардида, баромадкунандагон қайд намуданд, ки Тоҷикистон дар пешорӯи рӯйдоди муҳим- интихоботҳо қарор дорад ва бо дарназардошти ин ҳизбиёнро мебояд бо дарки баланди масъулият дар сатҳи бонизому дуруст баргузор намудани итихоботҳои дарпешистода ва интихоби вакилони арзанда баргузор намудани ин маъракаҳои сиёсӣ бетараф набошанд.
Бо итминони комил боварӣ дорем, ки миллати тоҷик метавонад ин чорабиниҳои муҳимми сиёсиро низ чун дигар дастовардҳо дар сатҳи баланд баргузор намояд.