БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ МУАРРИФИКУНАНДАИ МИЛЛАТИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР ВА ОЯНДАСОЗИ КИШВАР

АНДЕША.Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба қишри ояндасози ҷомеа, ки ҷавонон мебошанд, баръало дида мешавад. Ман ҳамчун  иштирокчӣ, вакили ҷавони  Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон аз шаҳри Бохтар,  раиси Кумитаи ибтидоӣ дар Муассисаи давлатии театри вилоятӣ мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов аз он ифтихор дорам, ки дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ, ки бо иштироки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид, иштирок доштам ва  аз суханрониҳое, ки Пешвои ҷавонпарвари миллат доштанд, ҷаҳони маънавӣ бардоштам.

Воқеан  ҳам қаҳрамонист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Сарвари оқилу одил, шоҳи адолатпарвару ваҳдатофари мо тоҷикон ба рӯи саҳнаи сиёсат оварданд.  Дар як муддати кӯтоҳ ба бунёдкориву созандагиҳои пай  дар пай ва гузоштани мавқеъи устуворонаи кишварро дар арсаи дунё нишон дод, ки ин қаҳрамониҳо миллати тоҷдорро асрҳои аср ба дигар кишварҳо ба сӯи пешрафти ҷаҳонӣ раҳнамун  месозад.

Дар оянда он дастуру супоришҳое, ки Роҳбари давлат  дар суханрониҳояшон  ироа карданд,  сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, кӯшиш мекунам  қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватани азизам адо намоям.

Саидзода Отахон Сироҷиддин, иштирокчии Анҷумани 13-уми ҲХДТ аз шаҳри Бохтар, роҳбари Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg