
АНДЕША. Бароям ҳамчун як ҷавон боиси хушбахтӣ аст, ки нахустинбор ба ҳайси вакил аз шаҳри Кӯлоб дар Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 13 декабри соли 2019 дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намудам.
Воқеан, он суханоне, ки аз ҷониби Пешвои миллат дар Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ироа гардид, тамоми мавзӯҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҳизбиёнро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт, ки аз ҷониби аҳли толор ҳамчун барномаи муккамали бунёдӣ ва роҳнамо ниҳоят самимӣ пазируфта шуд.
Бояд гуфт, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, бахши муҳимми фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Дар ин бобат низ Пешвои миллат баёни андеша карда, қайд доштанд, ки наздики 189 000 нафар аъзои ҳизбамонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва дар пешрафту ободии мамлакат нақши ҷавонон хело назаррас мебошад. Воқеан, ҳар як ҷавони тоҷик имрӯз аз хушбахтарин ҷавонон мебошанд, ки аз баракати истиқлолият дар фазои сулҳу оромӣ ба кору таҳсил машғуланд ва ҳар ҳар як иқдому ташаббус, пешниҳоду таклифҳои онҳо дар амри шукуфоии Ватани маҳбубамон аз ҷониби Ҳукумат, аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ меёбанд.
Имрӯз мо ҷавонони ҳизбӣ дар ҳамаи корҳо пешсаф ба ҳисоб меравем, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Роҳбари давлат дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва пеш аз ҳама барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ҷиҳати истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз худ масъулияти бештар нишон дода, дар роҳи созандагию бунёдкорӣ саҳми арзандаи хешро гузорем.
Муссалам аст, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати ҳизби фаъолу бонуфуз дар байни мардум мақому манзалат ва обрӯи калонро касб намудааст. Ҳизб чунин афзалиятро тавассути барномаҳои ҳадафманду дардхӯри ҷомеа доштааш соҳиб гардидааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша аз манфиатҳои халқ ҳимоя карда, пайваста кӯшиш бар он менамояд, ки ба мардум зиндагии шоистаро таъмин намояд. Маҳз наздик будан бо халқ ва боварии онро соҳиб будан, имконият дод, ки маъракаҳои муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла интихоботҳои парлумонӣ ва Президентиро дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намоем.
Роҷеъ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ, яъне интихоботи парлумонӣ низ аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вазифаҳои навбатии ташкилотҳои ҳизбӣ ва аъзову ҷонибдорони он мушаххас гузошта шуданд.
Боварии Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мо ҳизбиён дорад, моро вазифадор менамояд, ки ҳар яки мо ба интихоботи дарпешистода бо омодагии комил ворид гардида, интихоботро муваффақона анҷом диҳем.
Фирӯзи Саидмӯъмин, муовини раис – мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб