ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Донишҷӯ” доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ доир карда шуд.
Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат оид ба мафҳум ва моҳияти экстремизм ва терроризм сухан намуда қайд карданд, ки дар олами имрӯза масъалаи мубориза бар зидди терроризм ба яке аз масъалаҳои муҳим тадбил ёфтааст. Дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи мураккабу масъуле дар боби дарки амиқ, фаҳми тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризм истодааст.
Инчуин, дар идома зикр карда шуд, ки терроризм яке аз шаклҳои мураккабтарини зуҳуроти экстремизм буда, дар инкишофи инсоният ҳодисаи нав нест. Ҳанӯз аз замонҳои қадим рӯ овардани қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ки барои ҳокимият талош доштанд, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи самаранок барои расидан ба ҳадафҳои худ медонистанд ва барои расидани ҳадафҳои ғаразноки худ аз ҳар усулҳои мавҷудбуда самаранок истифода бурда, бештар ҷавононро ба доираи худ ҷалб менамоянд.
Дар охир аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварда шуд, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои решакан кардани ин вабои аср муборизаи беамон барем.