БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН…

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Зартеппа»-и Ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ, пардохти саривақтии  маблағи он, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани зиндагии  сокинон, тарғиюби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофотубегонапарастӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳарф зада, ҳамагонро ба меҳнатдӯстӣ, саҳм гузоштан дар пешрафти Ватан ҳидоят намуд.

Сипас, Аксияи ҳизбӣ доир карда шуда, дар он аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан машғул шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg