
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ”- и ноҳияи Шаҳритуз бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин дар бораи нақши ҳизб дар даврони соҳибистиқлолии кишвар таҳти сарварии Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешрафту шукуфоии Ватан андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои расидан ба қадри арзишҳои миллӣ, хизматҳои беназири Роҳбари давлат раҳнамоӣ карданд.
Дар охир Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардида, ба собиқадори ҳизб кумаки молиявӣ расонида шуд.