
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вазъи ноороми ҷаҳон, доман паҳн намудани терроризму экстремизм, бархурди тамаддунҳо, муборизаи давлатҳои абарқудрат барои аз нав тақсим намудани ҷаҳон, ба вуҷуд овардани нооромиҳо дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва ҳар як аъзои ҳизб кори фаъолонаи фаҳмондадиҳиро талаб менамояд. Агар мардум аз хавфу хатари афзояндаи терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир огоҳ карда нашаванд, дар ҷомеа ҳар гуна нохушиҳо рух доданаш мумкин аст.
Ба зиммаи аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии идораи рӯзномаи ноҳиявии “Ҳақиқати Ховалинг” чунин вазифаи пурмасъулият, яъне корҳои тарғибу ташвиқи сиёсати инсондӯстона, ятимпарварона, сулҳҷӯёна, созанда ва бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии идораи рӯзнома гузаронида шуд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳамчунин масъулияти ба душдоштаи аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба таври ҷиддӣ таъкид карда шуд.
Дар идома қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гашта, бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур ба собиқадори соҳа, модари серфарзанд Муродова Сангимо кумаки молиявӣ расонида шуд.