
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар назди бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба муносибати 25-солагии ҲХДТ чорабинии фарҳангию сиёсӣ бо иштироки фаъолону собиқадорони ҳизб ва аъзои фаъоли ТҶҶ “ Созандагони Ватан ” баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ тарбиятгирандагони мактаби мусиқии ба номи С. Маҷидов иштирок карда, дар васфи ҲХДТ ва Пешвои миллат , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурудҳо хонданд.
Шӯрои собиқадорони ҳизб Тағай Иброҳимов ва шоири шинохтаи тоҷик Алимуҳаммад Муродӣ дар бораи таъсисёбии ҳизб ва роҳи тайкардаи он дар тӯли 25 сол суханронӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҷамъомад ҳунармандони филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимов хотири ҷамъомадагонро бо суруду таронаҳои дилошуб шод гардониданд.