
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар арафаи ҷашни 25- умин солгарди таъсисёбии ҲҲХДТ бо дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба 2 нафар сокинони ниёзманди ҷомеа кумаки яквақтаинаи моддӣ аз кабили маводи хӯрока ва ба як нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.
Иқдоми инсондӯстонаи ҳизбиён шаҳодати он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамеша дастгири мардум аст.