БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГИСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб дар ташкилотҳои ибтидоии «Гулшан 3 ва 4”-и Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот масъулин  оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, қайд карданд, ки дар маркази ҳадафу мақсадҳои ин қонун ҳифзи фарҳангу маънавиёти ҷомеа қарор дорад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусиятҳои ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус расму оинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон то рафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Ҳамчунин, аз аъзо ва ҷонибдорони ҳизб даъват ба амал оварда шуд, ки вобаста ба имконият оилаҳои наёзманд ва ятимону бепарасторонро дасгирӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg