ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тақвият бахшидани робитаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ТҶҶ «Созандагони Ватан» вохӯрии навбатӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ноҳияи мазкур бо аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и муассисаи номбурда баргузор гардид. Дар хониши сиёсӣ аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур мавзӯъҳои Пешгирии бемориҳои Вируси норасои масуияти одам, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию-экстремистӣ, иштироки фаъолона интихоботҳои дар пеш истода баррасӣ шуданд. Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Темурмалик низ иштирок ва баромад кард.