БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒОЛИБИ МУСОБИҚА СОҲИБИ ҶОМИ ҲХДТ ГАРДИД!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба  25-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Муъминобод  бо иштироки фаъолзанону ҷавонони аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» конференсия илмӣ-назариявӣ  баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарияти Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони даъватӣ дар бораи  25-соли фаъолияти ҲХДТ ва ташаббусҳои пайвастаи    Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, пешрафти Ватани азизамон дар даврони соҳибистиқлолӣ изҳори  андеша намуданд.

 Инчунин, вобаста ба ин санаи муҳими таърихӣ мусобиқаи варзишии  волейбол байни ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баҳри дарёфти «Ҷоми КИ ҲХДТ-2019»  баргузор гардид. Дар он 8 даста бо ҳам рақобат намуда, дастаҳои ғолиб бо ифтихорнома, медал ва Ҷоми  КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур  сарфароз гардонида шуданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg