
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Дӯстӣ»-и ҷамоати деҳоти Боғгаии ноҳияи Мӯъминобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуданд.