
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ба хотири тозаю озода нигоҳ доштани муҳити атроф, барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҳамарӯза дар тамоми гӯшаву канори ноҳияи Кӯшониён зери шиори “Созандагӣ ва бунёдкорӣ” корҳои ободонӣ тариқи ҳашар баргузор гардида истодаанд.
Дар деҳаи Садриддин Айнии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор чунин як ҳашар ташкил карда шуда, ҳашарчиён ба тозаву озода намудани гирду атрофи деҳа машғул шуданд.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ, корҳои хайру сахо ба хотири паст кардани сатҳи кабизоатӣ раҳнамоӣ намуданд.