
АНДЕША. “Як нуқтаро таҳкид менамоям, ки ба раванди созандагии ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад!”.
Эмомалӣ Раҳмон
Моро зарур меояд, ки ба гуфтаҳои Пешвои худ ҳамназар буда, баҳри баланд бардоштани ҳунару ҳунармандӣ ва ҷалби сайёҳон ба минтақаҳои Тоҷикистони азизамон талош кунем.
Бо ташшабуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Албатта, барои ин ҳадафи пурмазмун танҳо як сол басанда набуда, балки даҳҳо сол лозим меояд. Яке аз ҳадафҳои асосӣ дар эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ин зинда гардонидани ҳунарҳои қадима ва ҷалби сайёҳҳон ба кишвар (минтақаҳои Тоҷикистон) ба воситаи сайёҳон ва ҳунарҳои марумии тоҷик ва Тоҷикистонро муаррифи кардан дар арсаи байналмилалӣ ва аз даромади соҳаи сайёҳӣ обод намудани деҳоти мамлакат ва кишвари азизамон мебошад.
Бо гузашти солҳо ва рушди техникаву техналогияҳои замонавӣ қариб, ки ҳунарҳои қадима аз байн рафта буданд, аз ҷумла кӯлолгарӣ, чармгарӣ, оҳангарӣ, табақтарошӣ, чакандӯзӣ ва ғайраҳо, ки ҳунарҳои қадима буданд, онҳоро кам истифода мебурданд, мебояд онҳоро бояд зиёд кунем. Ҳадафи дуюм ин рушд додани корхонаҳои хурду миёна дар деҳот ва ободу зебо гардонидани муҳити деҳот. Ҳадафи сеюм бояд тавваҷуҳи сайёҳонро ба деҳот, тавваҷҷуҳи сокинони деҳотро ба ҳунарҳои қадимаи мардумӣ зиёд кунем. Ҳадафи чорум бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои қадимаи худро омӯзад ва муаррифкунандаи кишвари худ дар арсаи ҷаҳон бошад.
Дар солҳои охир тавваҷҷуҳи мардум ба ҳунарҳои қадима кам шуда буданд. Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавваҷҷуҳи мардуми тоҷикро ба ҳунарҳои қадимаи тоҷикон афзун кард ва ба онҳо барои ободу зебо гардонидани кишварамон ва омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддӣ дод, то ки кишварамон ободу зебо гардад ва тавваҷҷуҳи сайёҳҳон ба кишварамон зиёд гардиданд.
Солҳои пеш деҳоти кишвар мушкилиҳои зиёде дошт, аз ҷумла нарасидани оби нӯшокӣ, муасисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ майдончаҳои варзишӣ, ҳамому корхонаҳои дӯзандагӣ танқиси мекашиданд. Маҳз соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сабаб шуд, ки дар замина дар ҳар як деҳа корҳои ободониву созандагӣ босуръат оғоз гардида, дар як соли (2019) зиёда аз 40%-и онҳо сохта ба истифода дода шуданд ва боқимонда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд пурра ба истифода дода шаванд.
Қосимов Сайфулло, аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб