
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи саратоншиносӣ”-и шаҳри Кӯлоб баргузор шуд.
Дар мулоқот масъулин дар бораи омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ андешаҳояшонро баён карда, зикр намуданд, ки интихобот ин як раванди сиёсие мебошад, ки дар он ҳама ҳизбҳои сиёсӣ иштирок менамоянд. Аз ин рӯ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҳизбҳои фаъол бо ҳадафҳои созанда ва барномаҳову мақсадҳое, ки аз умқи дили халқ маншаъ мегирад, корҳои таблиғотиро ҷоннок намуда, ҳамчун ҳизби пешоҳанг барои дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи навбатӣ фаъолона ширкат менамояд.