
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз ба як неруи бузурге табдил ёфтааст , ки яке аз ҷузъи неруи маънавии он собиқадорон мебошад.
Дар арафаи таҷлили 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Саидзода Нурмаҳмад вараиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Одиназода Ҳуснигул ба аёдати собиқадорони ҳизбу меҳнат рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо аз наздик шинос шуда, онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карданд.