
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25- солагии таъсисёбии ҲХДТ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳи Дӯстӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» корвони саломатӣ ташкил карда шуда, ба сокинони деҳаҳои дурдасти Ҷамоати деҳоти Нури Вахш хизмати тиббӣ расониданд.
Дар корвони саломатӣ мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустӣ ҷалб гардида, зиёда аз 250 нафар сокинон аз муоинаи тиббии ройгон гузаштанд.
Иқдоми неку ватандӯстона аз ҷониби аҳолӣ саривақтиву наҷиб арзёбӣ карда шуда, ҳамагон ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.