Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-ҳизби роҳнамо ба сӯи зиндагии осуда»-таҳти ҳамин унвон дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти «Маданият»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ чорабинии идона бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ баргузор гардид. Пеш аз оғози чорабинӣ занону бонувони ҳунарманд маҳсули дастони худро ба намоиш бароварда, пешкаши ҳамагон намуданд.
Масуълин ба ин намоишгоҳ аз наздик шинос гашта, ба ҳунару маҳорати онҳо баҳои баланд дода, барои боз ҳам рушд додани анъанаҳои неки ниёгон ва ҷалби занону ҷавондухтарони хонашин ба касбу ҳунаромӯзӣ тавсияҳои судманд доданд.
Сипас, дар қисмати сиёсии ҷамъомад дар бораи 25 соли тайкардаи ҲХДТ ва нақши он дар давлати демокративу дунявии ҳуқуқбунёд андешаронӣ карда шуд.