БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИҲОЛИ ПУРСАМАРИ ҲХДТ ДАР 25 СОЛ

БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Тули 25 сол аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон бо шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” ва зери роҳбарии Раиси муаззами худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сиёсии кишвар ҳамчун ҳизби ғолиб фаъолият намуда истодааст.

Ҳизби сиёсӣ иттиҳодияи ихтиёрии худфаъолияти шаҳрвандон аст, ки бо ташаббуси онҳо ва бо мақсади якҷоя роҳандозӣ намудани ҳадафу вазифаҳо ва ҳимояи ақидаҳо вобаста ба рушди ҷомеа таъсис дода мешавад. Ҳамзамон, ҳизби сиёсӣ яке аз ниҳодҳои бунёдии низоми сиёсии ҷомеа мебошад, ки барои таҷдид ва ивазнамоии элитаи сиёсӣ мусоидат менамояд.

Ҳизбҳои сиёсӣ ифодакунандаи ҳокимияти давлатӣ набошанд ҳам, лекин аз ҷиҳати функсионалӣ ба низоми ҳокимияти давлатӣ дохил гардида, ба ҳайси ҳалқаи пайвандгари байни давлат ва шаҳрвандон нақш доранд ва муттаҳидию устувории низоми сиёсиро таъмин менамоянд.

Ҳар як ҳизби сиёсӣ ба хотири ҳимояи манфиатҳои гуруҳҳои муайяни иҷтимоӣ ташкил мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистн ҳам ба хотири ҳимояи манфиатҳои миллату давлат ва аъзоёну ҷонибдоронаш ташкил карда шудааст.

Дар тӯли 25 соли фаъолияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ба дастовардҳои зиёде дар ҷодаи сиёсати дохилию хориҷӣ ноил гардида, дар бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад. То имрӯз ҲХДТ аз уҳдаи ҳамаи он мақсадҳои пешгузоштаи хеш бо сарбаландӣ баромадааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамаи барномаҳои Худро бо дарназардошти таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ барномарезӣ кардааст ва оянда, низ ҳамқадами ҷомеаи муосир ба суи ояндаи дурахшони худ харакат мекунад. 

Ҳадафи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикисотон аз даврони ба меҳвари  сиёсат қадам гузоштанаш барои беҳтар намудани зиндагии мардум аст.  Вазифаи ҳамаи аъзоёну ҷонибдорон бахусус кормандони масъули ҳизб ин  аст, ки ғояҳои давлатсозӣ ва давлатдориро тарғиб намуда, бо меҳнати ҳалолу зиндагии бошарафона намуна барои дигарон бошанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисотон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ ба мафкураи одамон таъсири мусбат гузошт ва барои такомули шахсиятҳо ва шахсиятсозӣ хидмат карда истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовардҳои афкори пешқадами ҷамъиятро татбиқ намуда, манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зўроварӣ, экстремизму ифротгароӣ, терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум менамояд, худшиносӣ ва ватанпарастиро аз даврони ба меҳвари сиёсат омаданаш асоси фаъолияташ мешуморад.

Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, ба хусус наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ва ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи сарнавиштсози таърихро сарбалондона тай намуд ва имрӯз ба як ҳизби созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи кишвар табдил ёфтааст.

Аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тули фаъолияти 25 солаи ҳизб моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади неруҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона дарк кардаанд. Яке аз омилҳои асосие, ки обрӯю нуфузи Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистонро дар байни мардуми кишвар  баланд бардоштааст, ин дуруст ва таъсирбахш ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мебошад.

Маҳз садоқату самимияти хоса, эҳсоси баланди меҳанпарастию ифтихори ватандорӣ, ғамхорию назари хайрхоҳона ба халқу миллати куҳантамаддун ва ниҳоди поку қалби саршор аз муҳаббати инсонии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокаратии Тоҷикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки сол ба сол аъзоёну ҷонибдорони ҳизб меафзояд.

 

Қ. Гулмуродзода - раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg