БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ШУКУФТАНҲОЮ ОБОДИИ ВАТАН ҲИССАИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН НАЗАРРАС АСТ!

АЗ АНҶУМАН ТО АНҶУМАН. Дар давоми аз Анҷумани ХӀӀ Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон то Анҷумани навбатӣ якчанд санаҳои муборак ва ҷашну чорабиниҳои муҳим барои аъзо ва ҷонибдронои Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон  хотирмон буд.

Тамоми  мардуми  диёрамон  аз ҷумала аъзои  ҲХДТ бо руҳбаланд ва  шукргузорӣ аз сулҳу суботи  кишвар ва бо эътимод ба фардои ободу осудагии  мамлакат ҷиҳати  дар  сатҳи  баланд  баргузор гардидани чорабиниҳо фаъолона  саҳми худро гузоштанд.

Ин  аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки мардуми азизи кишвар ба қадри сулҳу субот мерасанд  ва мехоҳанд дар фазои орому осуда кору зиндагӣ дошта, дар  ободониву созандагии Ватан саҳми муносиби худро гузоранд.

Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси  ҳадафҳои  барномавии  худ  ба  роҳ  монда, дар  назди  худ вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии  Тоҷикистони  азиз ҳиссаи сазовори  худро гузошта истодааст.

Дар давраи  аз Анҷуман  то  Анҷуман аъзои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон ва ҷонибдоронаш, ташкилотҳои  ҳизбӣ бо ширкати  фаъолона ва  иқдому ташаббусҳои  худ дар  ҳаёти  сиёсиву иҷтимоии  кишвар нақши  арзанда  гузоштанд.

Дар  қатори  дигар  ташкилотҳои  ҳизбии ҷумҳурӣ ташкилотҳои  ҳизбии  вилояти  Хатлон  аз  ҷумла  ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбии ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  нерӯи  зеҳнии  худ дар  сафи  пеш  қарор  дошта,  барои дар  амал  татбиқ  намудани  қарорҳои  Анҷумани ХӀӀ ҲХДТ, ҷиҳати  сафарбар  намудани  мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ корҳои зиёдеро ба  анҷом  расониданд.  Сохторҳои  ҳизбии  ноҳия дар арафаи ҷашнҳои миллӣ ва санаҳои муҳим  мунтазам  чорабиниҳои  ҳизбӣ, хонишҳои  сиёсӣ оид  ба самтҳои  афзалиятноки  ҳизб баргузор намуда, тахкими суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ ва ризоияти ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум  саҳми  босазои  худро  гузошта  истодаанд. ҲХДТ  бо  такя ба  нерӯи созандаи  халқ ва  бо роҳандозии барномаҳои  мукамал тавонист ҷомеаро  дар  роҳи созандагиву бунёдкорӣ роҳнамо созад.

Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни ироаи Паёми  навбатӣ  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  соли  2018-ро  барои  мардуми  Тоҷикистон соли  таърихӣ  ном бурданд.

Ҳақиқиқатан ҳам  дар  давраи  аз  Анҷуман  то Анҷуман  барои  мардуми  Тоҷикистон солҳои  бобарор  ва  урфайзу  баракат  буд.

16-уми  ноябри  соли   2018  агрегати  аввалини  Нерӯгоҳи  обии  барқии  Роғун,  инчунин  соли  ҷорӣ агрегати  дуюми  он  ба  кор  андохта  шуданд, ки  он  маҳз бо заҳмату талошҳои созандаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами  миллатамон  Раиси маззами  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон амалӣ  гардид, ки  ин  яке  аз  дастовардҳои  бузуги  халқи  тоҷик  дар  замони соҳибистиқлоли ба  шумор меравад. Маҳз  бо  пурра  ба  кор  даромадани  ин иншооти  бузурги  тақдирсози  миллат, тамоми  соҳаҳои  хоҷагии  халқи  мамлакат рушду  нумуи  тозаро  касб  намуда,  дар  роҳи  расидан  ба  ҳадафи  олӣ, яъне  ба  қатори  давлатҳои  пешрафтаву тараққикарда расидани Тоҷикистон қадами  устуворе  гузошта  хоҳад  шуд. Бояд  қайд  намуд, ки  ҲХДТ масъулияти  бузург- сарпарастиии  маънавии  бунёди нерӯгоҳи «Роғун»-ро  ба  душ  дорад ва  барои  пешрафти корҳои сохтмонӣ тадбирҳои  мушаххасро амалӣ  менамояд.

Дастоварди  дигаре, ки  барои  мардуми  тоҷик  хеле  назаррасу зарур буд  ин барқарор гардидани муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад. Бешубҳа ин саҳифаи нави  таърихист, ки  бо  шарофати  он  минбаъд мардуми  тоҷику узбек ба комёбиҳою  мувофиқатҳои  нав  ба  нав  ноил  мегарданд. Натиҷаи  хурсандовари он барои   ҳар як оилаи  сокини  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  он аст, ки  хешу  акрабояшон  бо  ҳукми  тақдир  дар  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон   зиндаги  мекунад, натиҷаи   онро эҳсос  намуданд. Ин  пеш  аз  ҳама  бо  шарофати  хизматҳои  пайвастаи  Сарони  ду давлати  дӯсту ҳамсоя амали гардид, ки дар давараи аз  Анҷуман  то  Анҷуман  дастоварди  хеле  бузург  мебошад.

Зимни  ироаи  Паём  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  масъалаи  дастгирии  соҳибкорон муфасал  истода  гузашта оид  ба  саҳми  соҳибкорон  дар  пешрафти иқтисодиёти кишвар муфассалӣ баён намуда, барои дастгирии  соҳибкорон  дар  солҳои  2019-2020  тамоми санҷшҳои  фаъолияти  соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ  маън  карда шуд. Инчунин бо мақсади  астгирии  минбаъдаи  соҳибкорон  дар  кишвар  «300 рӯзи   ислоҳот оид ба  дастгирии  соҳибкорӣ  ва  беҳтар  намудани  фазои  сармоягузорӣ» пешниҳод  ва  амали  мегардад.

Дар  ин марҳалла бо мақсади  вусъат  бахшидан ба  ҳалли  масъалаҳои  деҳот, боз  ҳам  обод  намудани  кишвар, ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоии  аҳолии  деҳот,  солҳои   2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи  ва ҳунарҳои  мардумӣ»  эълон  гардид, ки мақсади Ҳукумати мамалакат ба хотири боз  ҳам обод  кардани  Тоҷикистон мебошад. Зимнан  бояд қайд  намуд, ки соли  2018 миёни сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон Соли  тақвияти  робита бо  маҳал эълон гардида дар ҳар як  деҳа  маҳалла бо мардум  вохӯриву сӯҳбатҳо оид ба нуктаҳои  асосии Барномаи ҲХДТ ва  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҳизб баргузор  намуда  неруи  бузурги халқро  ба  ободонии  Ватан  равона  намудем.

Дар  Паём  ба ҳамаи  бахшҳои  ҳаёти  давлатдорӣ  баҳои  сазовор  дода  шуда аз  вазъи  ноороми  ҷаҳони  муоссир дар  шароити  шиддат  ёфтани  рақобатҳои геосиёсиву геоиқтисодӣ таҳдиди хатарҳои глобалӣ ҳаматарафа таҳлил  гардида, ҳимояи манфиатҳои миллӣ идома ёфта, барои пешрафти  самарабахши  онҳо  пайваста  кӯшиш  ба  харҷ  дода  мешавад.

        Ҳамаи аъзои ҳизб, сокинон, ҳар як  фарди  бонангу ори кишвар бо  назардошти  вазъи  ноороми  минтақа ва  ҷаҳон  зиракию ҳушёрии сиёсиро аз  даст  надиҳем, Ватани соҳибихтиёри маҳбубамонро дӯст дорем ва ба он содиқ  бошем. Тамоми сайъу талоши худамонро ба хотири пешрафту нерӯманд  гардонидани он ва дар арасаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани  нуфузи  эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем.

  Ба сулҳу субот ва оромии кишварамон шукрона гӯем, ба қадри дастовардҳои  даврони  соҳбистиқлоли  бирасем ва  тамоми  саъю  талоши  худро  ба  рушду тараққи  ва ободии  Ватани  маҳбубамон  равона  созем.

    

Раҳмон  Муродов- Мудири  шуъбаи  таблиғот иттилоот

Ва  матбуоти  КИ ҲХДТ  дар ноҳияи Носирии  Хусрав

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg