БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

25-СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН  

БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Имрӯзҳо мо аҳли фарҳанги вилоят бо самимият гуфта метавонем, ки рушду нумуъ инкишоф ва пешрафти ҳамаи самтҳои давлатдории кишварамон ба ҲХДТ зич алоқаманд аст. Ба хусус таҳти роҳбарии Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҳизб ба яке аз ҳизбҳои асосии пешбарандаи сохти давлатдории ҷомеаи демократӣ ва дунявии Тоҷикистони азизи мо гардид.

Дар давоми 25-соли фаъолияти ҳизб дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла соҳаи фарҳанг яке аз рукнҳои пешбарандаи давлатдорӣ гардида, маҳз сиёсати фарҳангдӯстонаи Раиси Ҳизб, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки соҳаи фарҳанги мамлакат ру ба пешравӣ оварда муассисаҳои нави фарҳангӣ таъсис ва бунёд гардиданд. Муассисаҳои барҳам хурда аз нав барқарор гардиданд. Дар вилояти Хатлон Театри драмавӣ-мусиқии ноҳияи Данғара таъсис ёфта, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба бинои нави бо талаботҳои театри муосир сохта шуда соҳиб гашт. Инчунин барои рушду нумӯи санъати миллӣ Театри вилоятии луҳтаки «Афсона», Ансамблҳои давлатии вилоятии «Фалак», «Шашмақом» ва «Фолклорӣ-этнографии «Хутал», ансамбли рақсии «Ситора» дар шаҳри Бохтар таъсис дода шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳо ансамблҳои халқӣ, филармонияи давлатӣ, боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, осорхонаҳо, мактабҳои бачагонаи санъат ва мусиқӣ, ёдгориҳои таърихӣ фарҳангӣ аз нав барқарор ва мавриди қабули хоҳишмандон қарор гирифтанд: ба монанди мақбараҳои орифони бузург Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Шоҳи Хомуш, Ҳазрати Султон, Мавлоно Тоҷиддин ва Мавлоно Обиддин, мақбараҳои Хоҷа Машҳад ва Хоҷа Дурбод, мақбараи Хоҷа Шақиқи Балҳӣ, мақбараҳои Шоҳ Нематуллоҳи Валӣ, Қутбиддин, Имом Зайналобиддин, Хоҷаи Нур, Хоҷа Айюби Ансорӣ, Хоҷаи Заррин, ёдгориҳои таърихии қалъаи Балҷувон, қалъаи  Ҳулбук, қалъаи Данғара, қалъаи Муъминобод, қалъаи Шаҳритус, Бешкент, Кулоб ва Золи Зари Фархор, боғ-осорхонаи Шуриши Восеъ, шаҳраки бостонии таҳти Сангин, Дайри буддои Аҷинатеппа, ибодатгоҳи насронии Шаҳритус аз қабили онҳоянд.

Дар солҳои аввали Истиқлолият 07.04. 1995 дар иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки «Фақат миллате, ки барои рушду такоммули илму маориф ва фарҳанг ғамхори зоҳир мекунад, ба давлатдорӣ сазовор аст».

Хушбахтона дар Ватани азизи мо аз оғози солҳои душвори 90-ум то ба имрӯз соҳаи фарҳанг ба тадриҷ ру ба беҳбуди оварда, руз аз руз фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ хубу беҳтар ва симояшон ба талаботи руз ҷавобгу гардида истодаанд.  Яъне, сохта ба истифода додани боғҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияи вилоят, Қасрҳои фарҳанги ноҳияҳои Муъминобод, Балҷувон ва Данғара аҳли фарҳанги вилоятро руҳбаланд намуд. Сол аз сол муассисаҳои фарҳангӣ ва сатҳи зиндагии кормандони он беҳтар шуда, маоши кормандони соҳа баланд гардида, муассисаҳои фарҳангӣ таъмину тармим гашта, бо сару либос, асбобҳои мусиқӣ, воситаҳои техникиву тақвияти овози хубу замонавии корӣ ҷиҳозонида  гардиданд. Китобхонаву дигар муассисаҳои фарҳангӣ  бо компютерҳо таъмин ва шабакаҳои интернетӣ пайваст карда шудаанд.

Таваҷҷуҳи Президенти кишвар ҳамаруза ба соҳаи фарҳанг беш аз пеш меафзояд. Дар вилоят таъсис додани «Муассисаҳои давлатии «Коллеҷи санъати ба номи К.Қурбонов» дар шаҳри Кулоб, «Муассисаи давлатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи П.Сатторов» дар шаҳри Душанбе гувоҳӣ ин гуфтаҳоянд. Ин пайгирӣ ва иқдомҳои сарвари давлат кормандони соҳаи фарҳангро болидаруҳ мегардонад ва дар пеши онҳо масъулияти бештарро мегузорад. Ҷаноби Олӣ муҳимии самти сиёсати фарҳангии Тоҷикистонро чунин иброз намудаанд. Сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлили Тоҷикистон ва фаъолияти мақомоти қонунгузору иҷроияи он ба таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардум болоравии ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ, пояндагии сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии тамоми табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва дар маҷмуъ ба ривоҷи ҳуввияти миллӣ нигаронида шудааст. Тамоми тадбирҳое, ки аз раванди сиёсати фарҳангӣ бармеояд, бахусус таҳияи принсипҳои меъёрҳои ҳуқуқи шаҳрвандон дар бобати эҷод ва истифодаи сарватҳои маънавӣ бояд ба он нигаронида шаванд, ки арзишҳо ҳамаи шаҳрвандони моро ба ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳидоят карда,  дар ниҳояти кор ба таъмини Истиқлолияти фарҳангии мамлакат  мусоидат намояд».

 Бо камоли эҳтиром метавон гуфт, ки тамоми мардуми ҷумҳурӣ таъбири пайғамбаронаи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Фарҳанг ҳастии миллат аст» ва қонуну қарорҳои соҳаи фарҳангро дастурамали кори худ намуда, баҳри он мекушанд, ки Тоҷикистони азизу ба ҷон баробар дар қатори давлатҳои тамаддунофару соҳибфарҳанги ҷаҳон мавқеъи устуворро дошта бошад. ин гуфтаҳои Ҷаноби Оли ба байти безаволи Абдуллоҳи Рудакии бузурги миллат, ки зиёда ҳазор сол пеш гуфтааст ҳамсадову ҳамрадиф мебошад: 

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ

То тавони руй бар ин ганҷ неҳ.

Дар ҳақиқат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таи муддати фаъолияташ бо Сарвари Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз Ҳизбҳои пурқуввату халқпарвару маорифу фарҳангпарвари кишвар табдил ёфта, дар пешрафту инкишофи соҳаҳои  мухталифи ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистон  саҳми асосӣ гузошта истодааст. Хаёти имрузаи Тоҷикистонро бе  фаъолияти он тасаввур кардан имконнопазир аст. Бошад, ки дар оянда низ ин ҳизб таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва фарҳангии мамлакат саҳмгузори асосӣ бошад.

 

Абдуллозода АЛОВУДДИН- сардори Раёсати Фарҳанги вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg