БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҲИЗБИ МАРДУМӢ ВА СОЗАНДА!

БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти банди якуми моддаи якуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд,  дунявӣ ва ягона мебошад.

Дар ин моддаи Конститутсия мавҷуд будани калимаи «демократӣ» имкон фароҳам меоварад, ки дар ҷумҳурӣ азҳоби гуногуни  сиёсӣ таъсис ёфта, фаъолият намоянд, вале бояд фаъолияти онҳо ба талаботи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мутобиқ ва мувофиқ бошад.

Дар айёми бисёр ҳассос-замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурияти таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад ва мардумро  дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшад, ки чунин ҳизб Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда,  аз ҷониби Пешвои миллати маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  10 –уми декабри соли 1994 таъсис ёфтааст. Имсол аз таъсиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ  мегардад. Бисту панҷ соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол  далели он аст, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хизмати мардум аст. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва аркони давлатдорӣ саҳми сазовор гузоштаст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комилан сохтор ва шеваи фаъолияти ба худ хосро дорост, ки дар миёни ҷомеа ба унвони бонуфузтарин ҳизбӣ сиёсӣ шинохта шуда, масъулияти олии ватансозӣ ва таъмини  амнияту осоиштагии шаҳрвандони кишварро ба дӯш гирифтааст.

Тавре маълум аст, мақсади ниҳоии ҳар ҳизби сиёсӣ ба сари қудрат омадан ва ба даст гирифтани зимоми давлатвлатдорӣ мебошад ва хушбахтона, аз соли 1994 инҷониб ҲХДТ, ҳизби парлумонӣ ва ҳизби пирӯз буда, намояндагони ин ҳизб давлатро идора мекунанд.

Дар охири асри XX ва оғози асри XXI инсоният шоҳиди рӯйдодҳои ҳайратоварри ҷаҳони пуртаззод гардида, раванди тарҳи сиёсию иқтисодии сайёра рӯ ба дигаргуниҳои инқилобӣ овард. Давлатҳои абарқудрат барои ба даст овардани боигариҳои табиии ин ё он кишварҳои рӯ ба истиқлолият ниҳода бо чашми ҳарис назар андохта, мавриди ба даст овардани боигариҳои ин кишварҳо гардиданд. Дар чунин лаҳзаи ҳассосу тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба доми даргириҳо кашиданд, кишварро ба доми марг оварданӣ буданд, хушбахтона Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар чунин лаҳзаҳо ба майдони сиёсат ворид гардид. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар тамоми соҳаҳои мутазакира гомҳои устувор гузорад. Бузургтарин дастовард ин пеш аз ҳама ба сулҳу ваҳдат овардани мардумони манотиқи гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт, ки аз ӯҳдаи ин кори басо муҳим сарбаландона баромада тавонист. Ҳамчунин, ҳисси худшиносии миллиро дар байни ҷавонон ривоҷу равнақ дода, онро ба як мактаби бузурги тарбиявӣ ташаккул дод.

 Дар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ ва ҳадафҳои интихобкардаи худ ҳизб барномаи нави пешазинтихоботии худро таҳия карда, ба аҳли ҷомеа пешниҳод менамояд, ки аз тадбирҳои зайл иборатанд:

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бори дигар садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ва таъмини амнияти ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуда, изҳор медорад, ки дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои кишвар ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ минбаъд низ саъю кӯшиши худро ба эътирофу риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, моликияти моддиву маънавии онҳо, эҳтиром ба дину оин, дахлнопазирии шахс ва расму анъанаҳои миллии кули сокинони мамлакат равона месозад.

Табиист, ки Барномаи ҲХДТ ба ҳайси барномаи давлатӣ пазируфта шудааст ва ин барнома сол то сол такмил ёфта, пурратар гашта ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар бар мегирад. Боиси зикр аст, ки таҳкими раванди демократӣ, рушди устувори демократия, баланд бардоштани самараи низоми идораи давлатӣ, такмили қонунгузорӣ, худидоракунии самарабахш дар маҳал, озодии сухан дар воситаҳои ахбори омма, мубориза ба муқобили коррупсия, ривоҷи соҳибкории хурду миёна, сиёсати сармоягузорӣ, раҳоӣ аз вобастагии иқтисодӣ, низоми самарабахши иҷтимоӣ, оилаи мустаҳкаму зиндагии шоиста, таъмини дастрасии мардум ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ, беҳтар кардани ҳифзи муҳити зист, кушодани ҷойҳои нави корӣ, беҳтар кардани кори илму маориф, рушди фарҳанг, такя ба ҷавонон, сиёсати кадрҳо, рушди сиёсати байналмилалӣ ва сиёсати мудофиавии Тоҷикистон маҳаки асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро имрӯз ҳизби халқию мардумӣ низ ном мебаранд. Ҷонибдории аксарияти кули интихобкунандагон дар интихоботҳои солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботҳои солҳои 2000, 2005, 2010 ва 2015-и Маҷлиси олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ шаҳодат ва исботи бе чуну чарои маҳбубияти ин ҳизб дар байни мардум аст.

 Дар ду соли охир соҳиби биноҳои корӣ ва автомобилҳои хизматӣ гаштани Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бори дигар баёнгари рӯз то рӯз пурқувват гаштани ҲХДТ мебошад. Мо ба пешрафти минбаъда ва ба як ҳизби бонуфузтарини ҷаҳонӣ табдил ёфтани ҲХДТ зери роҳбарии Раиси муаззамаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътимоду боварӣ дорем.

НАЗАРЗОДА АЛӢ - РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ФАРХОР

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg