БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ҲАМҚАДАМИ ҲАЁТ! 

 БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. «Бисту панҷ соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол далели он аст, ки ҳизби мо дар хизмати мардум аст. Зеро ҳизби мо аз иродаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва аркони давлатдорӣ саҳми арзанда гузошт». © Эмомалӣ Раҳмон - Раиси муззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон.

Воқеан ҳам, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти Роҳбари оқилу дурандеш, Пешвои воқеии муаззами  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  имрӯз  ба  як  нерӯи  созандаю  бунёдкор  ва масъулиятшинос  табдил  ёфтааст.

Замоне, ки Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон, ҳамранги як тифли  навзод по ба  арсаи ҳаёт гузошт, давраи пур аз мушкилоту ноумедӣ  ва  даҳшатзо буд. Мардум на ба созмонҳои сиёсӣ бовар доштанду на ба афроди ғайриҳизбӣ, маънавиёт рӯ ба харобӣ оварда буду ҳамагон огоҳ буданд, ки баъзе гурӯҳҳо дар зери ниқоби ислом, ҳизбу ҳаракатҳо сохта, даст ба корҳои фитнаангезиву харобкорӣ зада буданд.

Ҳамин буд, ки боварии ҷомеаро ба даст овардан, онҳоро бо роҳи рост  ҳидоят  намудан, кори  саҳлу  осон   набуда  дар  ин  ҷода ҷонфидоиву  маҳорат  ва масъулияту истеъдодро тақозо мекард.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати як ниҳоди фаъоли низоми сиёсии ҷомеа аз рӯзи нахустини таъсисёбӣ ба дарки масъулияти баланд ва мақсадҳои волои амалӣ намудани ормонҳои мардуми Тоҷикистон дар  майдони  сиёсат  қадамҳои  устувор  ниҳода, тӯли  фаъолияташ,  ҳизб  зимни иштироки бевоиста дар раванди инкишофи кулли соҳаҳои  ҳаёти  иқтисодиву  иҷтимоӣ тавонистааст, ки қариб ҳама ҳадафҳои барномавиашро дар амал  татбиқ намояд.

Шукр, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз рӯзҳои аввали  таъсисёбӣ  тавонист боварии мардумро ба даст оварда, дар муҳлати начандон  тӯлонӣ шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлол бовар карданд, ки Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон, воқеан ҳам ҳизби мардумисту ҳадафҳои ниҳоиаш  барои суботу оромӣ, созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони азизу маҳбуб  равона гардидааст. Маҳз ҳамин ҳизб метавонад рисолати имрӯзу ояндаи миллату давлатро  ба  даст  гирифта, ҳамчун ҳизби пешбари ҷомеа, ҷомеаро ба сӯи  ояндаи дурахшон раҳнамоӣ кунад ва то имрӯз рисолату масъулияти бузурги таърихӣ бар дӯшаш мебошад.

Ҳар як фарди солимфикру ҷомеашинос хуб медонад, ки дар тӯли 25 соли фаъолияташ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба онҳо чӣ додааст. Зеро байни ҳизбҳои сиёсии дар ҷомеаамон буда, маҳз Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон, давоми  25 соли даврони  фаъолияташ, дар  тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти мамлакат иштироки фаъолона дошта, ҳадафҳои асосии он бунёди давлати ҳақиқатан ҳам соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, ягона, ҷомеаи шаҳрвандии аз ҷиҳати зеҳни пешрафта, таъмини зиндагии орому осуда ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи муттамаддини ҷаҳонӣ мебошад.

Боиси ифтихору сарафрозист, ки дар ин давра пояҳои давлатдорӣ мустаҳкам  гашта, таҳкими сулҳу ваҳдат, густариши равандҳои демократӣ, болоравии нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, афзоиши  ҳаҷми маҳсулот ва дараҷаи некӯаҳволии мардум назаррас ҳастанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати 25 соли таъсисёбиаш мушкилотҳо ва ҳодисаву таҳавуллотҳои зиёдеро паси сар намуда, ҷиҳати ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муттаҳидсозии мардум, пешрафту тараққиёт ва тақвияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, вобаста ба тақозои ҷаҳони муосир нақшаву барномаҳо ва стратегияҳои миллии ояндадорро рӯйи кор овардааст, ки ба пешрафти ҷомеъаи Тоҷикистон мусоидат намуданд. 

Он дастовардҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба даст омадаанд, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии аъзо ва ҷонибдорони  Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон зери роҳбариву ҳидоятҳои судманди Раиси муаззами  ҳизбамон дар ҳама соҳаҳои мухталифи  ҳаёти ҷомеа равшан зоҳир мегардад. Ин дастовардҳо натиҷаи он бовариҳое ҳастанд, ки маҳз мардуми кишвар, ҳамчун интихобкунанда дар интихоботҳо изҳор намуда, аз сиёсати пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгириву ҷонибдорӣ намудаанд.

Ҳамчунин, бояд зикр намуд, ки мақому манзалат ва шуҳрати намоёни  Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон, пеш аз ҳама аз чораҳои созанда ва тадбирҳои аъзо ва ташаббусҳои роҳбарияти мақомотҳои болоии ҳизбӣ то шаҳру ноҳияҳо ва ташкилотҳои ибтидоии он сарчашма гирифта, авлавияти  рисолаташро баҳри беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум равона  намудааст.

Воқеияти замон ин аст, ки ҷомеаи моро дигар бо суханпардозиву  «амри  маъруф» пешрафт кардан нашояд ва давраи ақлу фаросат, донишу маҳорат ва ҳидояту ҷалби мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ омадааст. Имрӯз сатҳи фарҳангиву маърифати сиёсиву ҳуқуқии халқ хеле баланд шудааст. Моро мебояд бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти  милливу  бузургони  миллат, донишҳои сиёсиву маънавӣ, фарҳанги техникӣ ва донишҳои дунявии ҷомеъаро бозҳам тақвият бахшида фарзандони миллатро дар рӯҳияи солим ва фазои созгор тарбият ва роҳгамоӣ намоем.

Ҳизбиёни ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин самт дар доираи эълон гардидани соли 2018 ҳамчун “Соли тақвият додани робита бо маҳал”,  дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ташкилотҳои ибтидоии  ҳизбӣ таъсис дода, ҷиҳати пуркардани мафкураи мардум бо иттилооти саҳеҳу солим ва боло бурдани донишҳои сиёсиву маънавии сокинон пайваста бо онҳо суҳбату вохӯриҳо доир менамоем.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оинномавӣ ва барномавии ҲХДТ ҳизбиёни ноҳия чорабиниҳои  васеъи  ҳизбӣ, алалхусус  дар  доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя   ҳал мекунем!” даҳҳо чорабиниҳои сиёсиву оммавӣ, фарҳангиву варзишӣ ва созандагиву бунёдкориро роҳандозӣ намудем, ки барои бозҳам баланд бардоштани масъулияти шаҳвандӣ ва зиёд намудани бовариву эътимоди мардум ба ҲХДТ мусоидат мекунад.

  Имрӯз моро мебояд вобаста ба маъракаҳои дарпешистода - интихоботҳои Парлумонӣ ва Президентӣ, мувофиқи талаботи рӯз ва бо дарки сиёсии моҳияти масъалаи мазкур, фаъолиятҳои таблиғотиро ҷиддӣ ба роҳ монда, сиёсати хирадмандонаву оқилона ва ғамхоронаву ватанпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чунин як марҳилаи таърихиву тақдирсоз дастгирӣ намоему дар ҳаёт татбиқ созем. 

Бо ин мақсад расидан, аз ҳамаи мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизби пешбари ҷомеа, масъулияти баландро тақозо менамояд.

ҲАЛИМОВ МУҲАММАДДОВУД-РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg