БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАМИНАИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ СОКИНОН  ТАЪСИС ЁФТА, БАРОИ МАРДУМ ХИЗМАТ МЕКУНАД!

​​​​БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳуввияти миллиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор гашта, ҳатто пойдории давлат ва истиқлолияти миллиашро зери хатар мегузорад. © Эмомалӣ Раҳмон

Фаъолияти ҳизби сиёсӣ ҳамон вақт муваффақу пешрафта аст, ки ба арзишҳои умумимиллӣ арҷ онҳоро ташаккул медиҳад мегузорад. Таблиғи мероси гаронбаҳои миллату шинохти ҳуввияти миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки дар охир ба таъсиси як ҳизби сиёсии пештозу авангард-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон асос гузошт, барои тамоми сокинони мамлакат падидаи наву умедворкунанда ба ояндаи дурахшони Ватан маҳсуб меёфт. Зеро мардуми аз зери ҷанги таҳмилии дохилӣ вораста танҳо дар фикри ба эътидол овардани вазъият ва сулҳу оромиш дар кишвар буданд. Оғози фаъолияти  расмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар фазои сиёсии мамлакат рӯшноиеро мемонд, ки баъди ғуруби офтоб дубора ҳаёти сокинонро гарму ояндаи кишварро мунаввар месохт. Ва, воқеан ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати 25-соли мавҷудияти худ рисолати бузурги ватансозии   худро дар назди миллат собит сохта, як кишвари дар ҳоли фақру ҷангзада ва мардуми дар интизори сулҳро ба кишвари дар ҳоли рушду ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳи сартосариро ҳадя  овард.

Гум кардани хотираи таърихӣ, қадр накардани гузаштаи пурифтихори миллат ва дур гардидан аз арзишҳои фарҳангӣ сабабгори гарм шудани бозори бегонапарастӣ дар миёни дилхоҳ ҷомеа мегардад. Миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳуввияти миллиашро пос намедорад, гирифтори сарнавишти талху фоҷиаовар гашта, ҳатто пойдории давлат ва истиқлолияти миллиашро зери хатар мегузорад.

     Шояд асоси оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар кишвари мо дур гардидан аз асолати миллию таблиғи ақидашӯии динӣ буд, ки дар пояи он қариб миллату давлати тоҷик аз харитаи ҷаҳон нест мегашт. Дар ҳоле ки давлатҳои соҳибистиқлоли ҳамсоя ба сохтани роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли нафту газ, истихроҷи маъдан ва дигар масоили пешрафти иқтисодии кишварҳояшон машғул буданд, дар Тоҷикистон ҳангомаҳои якдигаркушӣ авҷ мегирифт ва садои тиру туфанг халқи осоиштаи моро хеле ҳаросон месохт.

Маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар таърих бадтарин ҷанг шинохта мешавад ва он кишвари моро ба вартаи даҳшатбори буҳрони сиёсию маънавӣ тела дода, ба иқтисодиёти мамлакат зарари зиёди иқтисодӣ ва ҷони ҳазорҳо ҳамватани моро аз байн бурд.

Мо доир ба оғози ҷангу хушунат ва куштору бедодгариҳои халқи осоишта, ки аз ҷониби гурӯҳҳои яроқноку қумондонсолор дар гӯшаҳои гуногуни Ватани азизамон аввали солҳои соҳибистиқлолӣ доман паҳн карда буд,  ёдовар нахоҳем шуд. Зеро ин ҳақиқати талхи таърихӣ шояд боиси озурда шудани руҳу равони хонандаи гиромӣ гардад.

Ва, воқеан Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён собит кард, ки андешаи мардуми Тоҷикистон андешаи созандаю созгор аст ва Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун барномаи эҳтиром ба ҳуввияту фарҳанги миллат ва шинохти чеҳраи воқеии миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Бо шарофати дуруст дарк кардани сиёсати давлати мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  имрӯз зиёда аз 160 давлати дунё бо кишвари мо равобити дипломатӣ дорад.

Агар аз рӯзҳои аввали таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми аъзо ва садорати ин ҳизби меҳварӣ дар фикри оромию осоиштагӣ ва дастрасии сокинон ба маводи аввалияи озуқаворӣ буд, сиёсати муваффақи ҳизбӣ ин ҳама мушкилотро дар ҷомеаи мо пурра ҳаллу фасл намуд. Имрӯз мушкилии дастрасии аҳолӣ бо маводи озуқаворӣ қариб, ки мавҷуд нест ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои аз ин ҳам дида афзалтар ва ҳатто мушкилоти сатҳи ҷаҳониро матраҳ месозанд.

Шинохти ҳуввият ва миллат дар арсаи ҷаҳонӣ боиси он мегардад, ки аввалан давлат эътирофу миллат шинохта мешавад ва баъдан таклифу пешниҳоди он мавриди баррасию қабул қарор мегирад. Дастгирии пешниҳодҳои Тоҷикистон дар мавриди мушкилоти норасоӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва пешгирии обшавии пиряхҳои нодир, ки сабаби таъсиррасонӣ ба вазъи экологии ҷомеаи ҷаҳонӣ мегарданд, дар сатҳи ҷаҳонӣ кишвари моро хеле шинохтаву  миллати моро ба оламиён боз ҳам наздиктар гардонид.

     Ҳоло Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созмонҳои бонуфузтарини сатҳи ҷаҳонӣ-Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Созмони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, узви созишномаи давлатҳои Шанхай, ҳамчунин узви беш аз 60 созмону форумҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ мебошад. Рӯз аз рӯз давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба раванди давлатдории муосири мо, ки дар пояи ҳуввияту ҳамгироӣ ва эҳтиром ба арзишҳои суннатии тамоми халқҳои дунё  нигаронида шудааст, мароқ зоҳир намуда, дар пай сиёсати муваффақи Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат беҳтару хубтар гардида истодааст.

Ба ақидаи як қатор коршиносони хориҷӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши иқтисодиёт, ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, хусусигардонӣ, пешрафти саноат ва гузариш ба раванди давлати демократию ҳуқуқбунёд хеле назаррас буда, моро ба ояндаи неки давлатамон умедвор месозад. Натиҷаи ҳамин ҳаст, ки давлатҳои пешрафтаи олам ва ташкилотҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ нисбати кишвару давлатдории навини мо ҳисси эҳтиром доранд.

Таърихан исбот шудааст, ки гузаштагони мо дар доираи одоби миллӣ ва ҳисси эҳтиром ба тамоми қавму миллатҳо назир надоштанду надоранд. Мусаллам аст, ки халқи мо дар ростои таърих бо вуҷуди саркубу тохтутозҳои аҷнабиён ба сарзаминҳои меросӣ хеле азияту ранҷ кашидааст. Вале, новобаста аз ҷабри таърих мо фарҳангу забони худро гум накардем ва ҳатто дар муқобили ҳама бадгӯию хиёнати ба ном фарзандону аҷнабиёни тоҷикбадбин миллати тоҷик бо онҳо муросо намуд ва ба қавле як пора нонро бо ҳам диданд.

Натиҷаи фарҳанги баланд ва таҳаммулпазирию ҷаҳонбинии васеъ буд, ки алорағми пофишориҳои доираҳои манфиатдор кишвари мо истифодаи сарватҳои табиӣ, бахусус манбаъҳои обиро бо тамоми кишварҳои минтақаъ дар доираи ҳусни тафоҳуми ҳамҷаворию шарикӣ ва дӯстию бародарӣ роҳандозӣ сохт ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар пояи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва ватандорию ватандӯстӣ бори дигар аз ояндаи рушани давлати мо башорат медиҳад. Ин ҳама сохтану ободкориҳо, маълум аст, ки бояд дар барномаи сиёсии ташкилоту ҳизбе мушаххасан қайд бошад ва бешак Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва роҳбари хирадманду дурандеши он, Прзиденти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон муддаӣ ва амлигардонандаи ҳамаи ин ормонҳои ба ҳақиқат табдилёфтаи миллатанд.  

Биноан, чун сарчашмаи ҳокимият дар мамлакат халқ ҳасту тибқи Оиннома ва Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон  дар пояи арзишҳои фарҳангию миллии тамоми сокинони кишвар роҳандозӣ мегардад, метавон фахр дошт, ки ояндаи наздик Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аъзои фаъоли он бо меҳнати созанда ин кишварро дар минтақаъ ба як кишвари пешрафта табдил хоҳанд дод.

НАЗАРЗОДА ТОЛИБҶОН - РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДИНИ ШОҲИН

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg