БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

25-СОЛИ ҚАДАМҲОИ УСТУВОР БАХОТИРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Санаи 10-уми декабри соли равон, ки аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳоряк аср, яъне 25 сол пур шуд, барои кулли аъзо ва ҷонибдорони ҳизб санаи муҳим ва пур аз ифтихор аст.

Тавре медонем, то ва баъди ташкилёбии ҲХДТ баъзе ҳизбҳои сиёсие дар Тоҷикистон таъсис ёфтанд, ки кӯшиши асосиашон таҳмил намудани идеологияи беруна ба сари давлату ҷомеаи кишвар буд. Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ касе суол намедод, ки ин идеологияҳое, ки паёпай аз тарафи гурӯҳҳои алоҳида миёни ҷомеа роҳандазӣ гашта истодаанд, обишхӯри кадом андеша буда, ҳадафи ниҳоии онҳо чист ва ҷомеаро ба куҷо мебаранд? Посух ба ин суолро миллати тоҷик дар пайи нооромиҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо пардохти гарони ҷониву молӣ дарёфт кард.

Бо дарки ин воқеият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи таъсиси ҳизберо роҳандозӣ кард, ки идеология ва кору пайкори он ба манфиати халқ ва ваҳдату суботи ҷомеа равона гашта бошад. Ҳамин тавр дар Анҷумани якуми Ҳизби Халқии Тоҷикистон (номи собиқи ҲХДТ) санаи 10.12.1994 Қарор дар бораи таъсиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли тайшуда роҳи мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат ҲХДТ борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит кард. Исбот кард, ки тамоми афкору маънавиёташ аз умқи дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Бист қадами созанда”, ки ба ифтихори 20-солагии ҲХДТ рӯи чоп омада буд, иброз доштаанд: “Ҳизби мо табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккури эҷодии халқи фарҳангофар ва созандаи мост. Мо пойбанди ҳеҷ як идеологияи бегона набудем ва нестем. Мо худ идеологияи ин ҳизбро ба вуҷуд овардем. Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем”.

Дар ин суханон як ҷаҳон масъулият, самимият ва меҳру муҳаббат нисбати имрӯзу ояндаи халқ эҳсос мешавад. Бале, идеологияи ҲХДТ аз масъулият, самимият ва меҳру муҳаббат таркиб ёфтааст. Идеологияи ҲХДТ идеологияест, ки ҷомеаи дар буҳрони маънавӣ ғуттаварро ислоҳ намуда, дар рӯҳияи созандагӣ тарбия кард ва давлатро аз ҳоли варшикастагӣ раҳонид. Идеологияест, ки ҳисси худшиносӣ ва ғуруру номуси миллиро дар вуҷуди ҳар як сокини Тоҷикистон бедор кард. Идеологияест, ки дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ донаи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ кошт. Идеологияест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати соҳибтамаддун ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Самараи он таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.

Қобили қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. ҲХДТ ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.

Дар самти ташаккули маънавиёти ҷавонони кишвар хизматҳои ҳизб бесобиқа ва арзишманданд. Замоне, ки кишварро буҳрони маънавӣ ва ҷавонони минтақаҳои гуногунро ҳисси кинаву нафрат нисбати ҳамдигар фаро гирифта буд, ҲХДТ ташаббуси ташаккул додани афкори умумро ба даст гирифта, баҳри решакан кардани маҳалчигиву ихтилоф байни ҷавонони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон нақши муассир гузошт. Агар ба таври мухтасар қайд намоем, ҲХДТ таҳти шиори “Ҳар як ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки ӯ фарзанди Тоҷикистон аст ва ягон гӯшаи Тоҷикистон барояш мулки бегона нест” ваҳдати комилро миёни ҷавонони кишвар таъмин намуд.

Дар ин самт махсусан, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳадафҳои ҷиддиро амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла, дар доираи нақша-чорабниҳо бо ин қишри ояндасоз масъулини сохторҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят вохӯриву мулоқотҳо ва чорабиниҳои варзишӣ доир намуда, моҳияти давлатдориву ватансозӣ, доштани ҳиси ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳиро дар замири онҳо рушд медиҳанд.

Гузаштагони мо рисолати худро анҷом доданд, яъне барои мо давлату миллат сохтанд. Акнун замони он расидааст, ки барои сохтани ояндаи дурахшони ин миллат ҷавонони баору номус ва ватандӯсту хештаншиносро тарбият намоем ва ояндаи ин миллатро ин давлатро ба дасти онҳо супорем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дарки ин воқеъияти таърихӣ дар самти ҷавонон бештар ғояҳои ватандӯстӣ ва хештаншиносиро миёни ҷавонон таблиғу ташвиқ менамояд. Ватандӯстӣ дар ҳама ҳолат монеаи вайронкорӣ ва худноогоҳии ватандорон аст, тарбиякунандаи эҳсоси устувории хислатҳои хуби ҷавонмардону ҷавонзанони далеру шуҷоъи Ватан аст. Мо ҳизбиён, ки тарғибу ташвиқи ғояҳои миллиро рисолати аслии худ медонем, дуруст дарк мекунем, ки ватандӯстӣ метавонад дар муқобили терроризм ва экстремизм ба қувваи муҳофизатии Ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад. Дар муқобили терроризм ва экстремизм мо аз ватандӯстӣ дида, ҳеҷ қувваи дигари корагареро намедонем. Ба ҳамин хотир Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша аз минбарҳои баланд баромад карда, ҷавононро нерӯ бузургу ояндасозӣ миллат меномад.

Бояд қайд намоем, ки ҲХДТ дар давоми фаъолияти худ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо такя ба истеъдоди азалии давлатсозии миллати тоҷик бисёр қолабҳоеро, ки дар сиёсати байналмиллалӣ то ҳанӯз тағйирнопазир ҳисобида мешаванд, шикаст. Аз ҷумла, агар тибқи назарияҳои илмӣ рисолати як ҳизби сиёсӣ бароварда сохтани ниёзҳои гурӯҳи муайяни ҷомеа бошад, пас ҲХДТ ба хотири таъмини ваҳдату ҳамдилии халқ ин “қоидаи тиллоӣ”-ро сарфи назар карда, манфиатҳои ҷомеаро ба куллӣ таҳти ҳимоя қарор додааст.

Имрӯзҳо дар баробари корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки асоси фаъолияти ҲХДТ-ро ташкил медиҳанд, инчунин бо назардошти воқеаву таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳизб кӯшишу ғайрати худро ба самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ ва пешгирӣ аз таъсири ақидаҳои манфии равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ дар миёни ҷомеа равона кардааст. Дар ин раванд ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва назари воқеӣ ба рӯйдодҳои ҷомеаи кишвар ва ҷаҳон меҳвари асосии фаъолияти ҳизбиёнро ташкил медиҳад. Ҷои ифтихор аст, ки фаъолони ҳизб ва умуман ташкилотҳои ҳамаи зинаҳои ҳизбӣ дастовардҳои солҳои охири мамлакат ва моҳияти сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро ба оммаи васеи мардум дар сатҳи зарурӣ ва бо касбияту самимияти баланд фаҳмонида истодаанд.

Бояд қайд кард, ки бо баробари раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таъин гардидани кадри ҷавону болаёқат ва ватандӯст - Раҳмонзода Абдулло фаъолияти ҳизбӣ дар вилояти Хатлон қувваву нерӯи тоза гирифт, ки натиҷаи фаъолияти босамару бонизоми он баръало равшан аст. Аз ҷумла, эълон гардидани соли 2018 “Соли тақвияти робита бо маҳал”, эълон гардидани соли 2019 “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” ва ҷиҳати дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳову ободкориҳо ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳандозӣ гардид, ки дар доираи он махсусан, дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон як қатор корҳо аз ҷумла, кӯмак ба ниёмандону ятимон, маъюбон, таъмири роҳу пулҳо, кӯмак дар таъмири муассисаҳои таълимию тандурустӣ, тозаю озода намудани деҳот, ниҳолшинонӣ ҷиҳати сарсабзу хуррам гардонии вилоят ба роҳ монда шуд, ки ин иқдомҳои наҷиб обру ва нуфузӣ ҳизбро дар байни ҷомеъа бозҳам боло бурд. 

Махсусан, дар доираи эълон гардидани соли 2018 барои Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон «Соли тақвияти робита бо маҳал», ки бо ин мақсад ҷадвал-механизми баргузории вохӯрию сӯҳбатҳо бо  сокинони тасдиқ шуда буд, масъулини сохторҳои ҳизб дар шаҳру навоҳии вилоят оиди ҳадафҳои барномавию оинномавии ҲХДТ, оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дигар мавзуҳои доғи рӯз бо аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва дигар сокинони ҳудуди вилоят сӯҳбату вохӯриҳо оростанд, ки ин ҳадафи созанда тамоми табақаҳои ҷомеъаи шаҳрвандии вилоятро дарбар гирифт. Ҳамчунин, ҷиҳати робитаи пайваста доштан бо мардум дар ҳамаи деҳаву маҳалаҳои ҳудуди вилоят ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро таъсис доданд, ки ин иқдомҳо натиҷаи хуб дода истодаанд.

Мавзуҳои асосии ин вохӯрию сӯҳбатҳо асосан фарогири самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ буданд, аз он ҷумла, дар сатҳи баланди сиёсӣ таблиғу ташвиқ намудани мазмуну муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи огаҳии сокинон аз хатарҳои терроризму экстримизм, пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои терористию ифротгаро, шарҳу тавзеҳи моҳияти ҚҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҚҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд», корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии нашъамандию нашъаҷалобӣ миёни шаҳвандон, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон ҷиҳати истифодаи дурусти интернет ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот бо мақсади таъмини солимию маънавии ҷомеъа, тарғиби урфу оддат, анъанаҳои нек ва дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва таърихии миллати тамаддунофари тоҷик ба хотири тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеъа ва пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳангҳои бегона ва оқибатҳои манфии он ба ҳуввияту асолати миллӣ буданд.

Ҳадаф аз тарғибу ташвиқи мавзуҳои болозикр, пеш аз ҳама ташаккул додани мафкураи миллии мардум буд. Таҳлилҳои солҳои охир нишон дод, ки дар тафаккури мардум холигиҳои зиёд ҳаст, ки ташкилоту гурӯҳҳои террористиву эктримистӣ ва дигар гурӯҳҳои манфиатҷу метавонанд аз ин холигиҳо истифода баранд ва қишрҳои ҷомеъаро таассубгару хурофотпараст намуда, ба гурӯҳу созмонҳои террористӣ экстримистӣ ҷалб намоянд. Ин холигиҳоро мо ҳизбиён дарк карда, дар пайи ислоҳи он шудем. Ин масъаларо ҳизбиёни вилояти Хатлон баинобат гирифта, аз ин рӯ ҳадаф гузошем, ки бо усулу роҳҳои таблиғотию ташвиқоти моҳияти аслии ислоҳоте, ки имрӯз аз ҷониби Президенти кишвар, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъияти оғоз гардидаанд дуруст ба мардум фаҳмонем ва онҳоро ба самте роҳнамоӣ намоем, ки ба пешрафти Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва таъмини рушди фикрӣ сокинон мусоидат бикунад.

Имрӯз бе муҳобот Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ мебошад ва сиёсаташро дар самти амалисозии ҳадафҳои барномавию оинномавии ҲХДТ, тадбиқи ҳадафҳои старатегии давлат, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маънавии мардум амалӣ намуда, дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ва ташаккул додани мафкураи миллӣ саҳми назаррас дорад.

Месазад қайд намоем, ки Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дилпурона пеш меравад ва дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа рӯз ба рӯз густариш ёфта, ба шарофати ин раванди нек сатҳи зиндагии мардум торафт баланд мегардад. Воқеан, озодиву ҳамдилии мо ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа онро ба хубӣ дарк намояд. Ин аст, ки ҲХДТ бо дарназардошти вазъи ҳассосу мураккаби ҷаҳони имрӯза амал карда, ҳамчун нерӯи пешбари ҷомеа мардумро ба ободониву созандагии Ватан, ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва ҳифзу таҳкими бузургтарин дастовардҳои таърихи навини халқамон – истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоиву сафарбар менамоянд. Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа мо ҳизбиён таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар дорем. Зеро пеши эҳсосоти бегонапарастиву даҳшатафканиро маҳз чунин ҳамкории аҳли сиёсат, илм ва санъат метавонанд гиранд.

Тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри Истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем”.

Ин суханони Пешвои миллат мароми мо ҳизбиён дар роҳи ватандӯстиву созандагӣ буда, шиори барномавии ҲХДТ - «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» самти муайяншудаи фаъолияти мост.

25-соли талошу муборизаҳо баҳри таҳкими Истиқлолияту давлатдории миллӣ, 25-соли созандагиву бунёдкорӣ, 25-соли қадамҳои устувор бахотири рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум, 25-соли ҳамсафиву ҳамраъйӣ, муборак бошад ҳамсафони азиз!

ШАҲБОЗИ ИСКАНДАР - МУДИРИ ШУЪБАИ ТАБЛИҒОТ, ИТТИЛООТ ВА ТАҲЛИЛИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg