БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар замони нооромиҳои кишвар ҳамчун як қувваи сиёсии ваҳдатофар ба майдони сиёсат омад. Аз таъсиси ин ҳизби ваҳдатофар 25 сол пур шуд. Дар давоми ин солҳо, ки он барои ҳизби сиёсӣ чандон муҳлати тӯлонӣ нест, ман ҳамчун собиқадори ҳизб, вакили 8 анҷумани (аз анҷумани 5-ум саркарда) ҲХДТ, шоҳиди рӯз то рӯз афзудани обрӯ ва нуфузи он дар байни мардум мебошам.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар замоне рӯи саҳнаи сиёсат омад, ки мардум нисбати ҳизбҳои сиёсӣ диду назари нек надоштанд. Зеро диданд, ки намояндагони баъзе ҳизбу ҳаракатҳо барои ба даст овардани мансаб мардумро ба ҷангу хунрезӣ кашиданд. Бисёриҳо калима “ҳизбу” “демократияро” бо тамасхӯр ба забон меоварданд. Аммо бо вуҷуди ин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ибтидо Ҳизби Халқии Тоҷикистон номгузорӣ карда шуда буд, дар як муддати кӯтоҳ аз тарафи мардум  чун падидаи нави сиёсӣ пазируфта шуд. Чаро? Зеро, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби табиатан халқӣ буд ва ҳаст.  Зеро он манфиати гурӯҳи алоҳидаи қишри ҷомеаро не, балки тамоми халқро ҳимоя менамояд. Аз ин рӯ мардум ҳам  тақдирашонро ба ин ҳизб пайвастанд ва аз он ҳамеша ва дар ҳама ҳолат  якдилона ҷонибдорӣ менамоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар Анҷумани чоруми ҲХДТ ба ҳайси Раиси ҲХДТ интихоб гардидани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи созанда табдил ёфтани ҲХДТ таъсири мусбӣ расонд.

Душманони ҳизб бо назардошти, он ки Президенти кишвар дар як вақт раиси ҲХДТ мебошад, обрӯ ва нуфузи онро ба обрӯ ва маҳбубияте, ки халқ нисбати Президенти худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, вобаста медонанд. Мо Президентамонро дӯст медорем ва ин дӯстдорӣ маънои онро надорад, ки Президент ва  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро аз ҳам ҷудо намоем.      Зеро ба касе пӯшида нест, ки Президенти кишвар чун аъзо ва Раиси ҲХДТ ҳадафҳои барномавии онро  иҷро менамояд.

Мақому манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа аз фаъолияти аъзоён, роҳбарияти ҳизб, алалхусус ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Раиси муаззами он - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаҳои ҳизб оиди рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишвар вобастагӣ дорад. 

Халқ мушоҳидакор аст. Ба хубу бад баҳо медиҳад. Аз кӣ ва чӣ пуштибонӣ карданашро медонад. Мардум бо чашмони худ диданд, ки ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устуворию пойдории сулҳ ва ободии кишвар кӯшиш ба харҷ дода, дар мамлакат ваҳдату ягонагӣ, рушди босуботи давлатро таъмин намуд. Дар рӯзҳои душвортарини нарасидани маводи хӯрокворӣ, бебарқӣ, набудани ҷойи корӣ доимӣ, музди меҳнати ночиз ва бо ҳамин монанд садҳо  камбудию норасоиҳо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мардум буд ва онҳоро бовар мекунонд, ки камбудиҳои ҷойдошта бо қувваи худи мардум бартараф карда мешаванд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш эълон дошт, ки ҷонибдори давлати иҷтимоист. Амалӣ шудани ин ҳадафи барномавии ҳизбро мо имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Ховалинг дар мисоли сохтмони мактабҳо, шифохонаҳо ва дигар иншоотҳои инфрасохтор, аз ҷумла бунёди роҳу купрук, нерӯгоҳҳо, таҳсилу табобати ройгон, дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, ятимон, пирону барҷомондагон мебинем.  

 Дар рӯзҳои душвортарини ҳаёти мардуми кишвар Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се ҳадафи асоси Ҳукумати кишвар ва дар як вақт ҲХДТ – ро (зеро ҳадафҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ҲХДТ як аст) – таъмини амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, расидан ба истиқлолияти энергетикиро ба миён гузошт, ки бисёриҳо дар дохил ва хориҷи кишвар дар чунин вазъияти қошоқии давлат амалӣ гардидани онҳоро хому хаёл мешумориданд. Имрӯз мо мебинем, ки Тоҷикистон ба чор тарафи дунё роҳҳои ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй дорад, дигар мардум чун солҳои пешин аз нарасидани барқ азоб намекашанд. Дар мағоза, дӯкону бозорҳо тамоми маводи озуқа барои мардум ёфт мешавад. Имрӯз кӯшиши давлат ва ҲХДТ бар он равона аст, ки ҳадафи чорум  - саноаткунони босуръати кишварро ҳар чи зудтар анҷом бахшида, мардумро дар Ватани худ ба ҷойи кори доимӣ таъмин намояд.

 Мо шоҳиди кору фаъолият дар ду сохтори давлатдорӣ мебошем. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ  ҳизби Комунист озодиҳои иқтисодӣ ҳавасмандии ҷомеаро ба рушди истеҳсолот маҳдуд мекард. ҲХДТ бошад, баракс аз шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, озодии фаъолият ва дигар арзишҳо, ки заминаи пешрафтанд, ҷонибдорӣ намуд ва дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёнаро, ки мақсади мушаххаси иҷтимоӣ дорад, ҳадафи муҳими хеш қарор дод.

Овардани як мисол кофист, ки мо ба саҳми соҳибкорон дар   пешрафту тараққиёти кишвар, корҳои созандагию бунёдкорӣ баҳо диҳем. Ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бештар аз 350 иншооти хурду бузург сохта мешавад, ки 90 дарсади онро соҳибкорони ноҳия бунёд менамоянд.

Эҳтироми худро ба дини мубини ислом баён доштани ҲХДТ  ва аз минбарҳо баланди ҷаҳонӣ аз тарафи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ гардидани дини мубини ислом ҳамчун дини поку беолоиш обрӯ ва нуфузи онро дар байни мардуми кишвар, ки аксари он муътақиди дини мубини исломанд  ва давлатҳои исломӣ боз ҳам баланд намуд. Моҳияти дунявияти давлати Тоҷикистон ҳам маҳз дар таъмини озодиҳои динӣ ҳувайдо мешавад.

ҲХДТ ба ҳамаи гурӯҳҳои миллӣ ва этникии сокини кишвар эҳтиром мегузорад ва барояшон тамоми шароитро фароҳам овардааст. Имрӯз мо мебинем, ки дар кишварамон русу ӯзбек,   тотору қирғиз, туркману қазоқ ва дигар халқиятҳо дӯстона кору зиндагӣ менамоянд, ки ин дастоварди беназири инсондӯстонаи ҲХДТ мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз сернуфузтарин, фаъолтарин ва қавитарин нерӯи сиёсии кишвар ба ҳисоб меравад ва  ин ҳолатро дар мисоли дилхоҳ кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида кардан мумкин аст. Сафҳои ҲХДТ солҳои охир махсусан аз ҳисоби ҷавонон меафзояд. Инро бо чунин мисол тасдиқ кардан мумкин аст, ки аз шумораи 300 нафар аъзоён, ки соли 2019 ба сафи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг қабул карда шудааст, 93 дарсадашро ҷавонон ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки рисолати ҳар як ҳизб расонидани таъсир  ба мафкураи инсон аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ҳам маҳз бо ҳамин роҳ ҳадафҳои худро амалӣ месозад. Тавре дар Барномаи ҳизбамон омадааст, ҲХДТ танҳо барои соҳиб шудан ба нуфузи сиёсӣ талош дорад, ки онро эътибори воқеии ҷамъиятию сиёсии ҳизб ва боварии халқ муайян мекунад.

Барои расидан ба ин ҳадафи муҳими ҳизб моро зарур аст, ки барои таблиғи сиёсати ҳизбӣ аз қувваи ақлонии миллат – аҳли илм, адаб, фарҳанг ҷонибдорон ва ҳаводорони ҳизб босамар истифода намоем. Бо ин ҳама нерӯ мо метавонем бо ҳарзагӯиҳои мухолифини сиёсӣ, ки ба ҳамаи камбудиҳои дар ҷомеа ҷойдошта ҲХДТ – ро гунаҳгор медонанд, қотеъона ҷавоб гардонем.

 Бо итминони комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар оянда ҳам бо иқдомҳои созанда ва барномаҳои амалишавандаи худ сокинони кишварро барои пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон муттаҳиду сафарбар намуда, ба ҳадафҳои ниҳоии худ ноил мегардад.

ХАЛИЛЗОДА САФАР- РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg