БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – 25 СОЛ ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ

БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Имрӯз, ки аз 25-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон истиқбол мегирем, шукрона аз он менамоем, ки Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бар пояи барномаҳои созандаи ҲХДТ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ободу зеботар гашта истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи барои миллати тоҷик басо сахти таърихӣ ба майдони сиёсат омад, тавонист халқро атрофи ғояҳои бузурги давлатсозии миллӣ муттаҳид намояд ва зимоми таърихи нави давлатдории тоҷиконро ба даст гирад. Инак 25 сол аст, ки ҲХДТ ба халқ хизмат карда истодааст. Тавре бузургон мегӯянд, оина барои он лозим аст, ки моро ба худамон нишон диҳад ва таърих бошад барои воқеияти имрӯзаро инъикос намудан хизмат мекунад. Имрӯз мо ба таърихи на чандон тӯлонӣ, вале пурифтихори ҳизби ҷавонамон на ба он хотир бояд назар кунем, ки бо болидарӯҳиву хотирҷамъӣ аз дастовардҳоямон хатарҳои ҷомеаи муосирро нодида бигирем. Не, балки мақсади мо натиҷагирӣ аз таҷрибаҳои таърихӣ ва бар пояи он баланд бардоштани рӯҳияи созандагии мардум ва кушодани роҳҳои нав баҳри саодати халқу кишвар мебошад.

Таърих ҳамеша ба пеш ҳаракат мекунад ва шахсони калавандаву сустиродаро интизор нахоҳад шуд. Муваффақияти ҲХДТ низ дар он ифода меёбад, ки ҳамеша ҳамқадами таърих аст ва ба таври системавӣ корҳоеро имрӯз анҷом медиҳад, ки фардо самараи нек ба бор меоранд.

Дар ин замина, месазад қайд намоем, ки Конференсияи якуми ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб моҳи апрели соли 1998 баргузор гардида, то ин замон 8 нафар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб интихоб гардиданд. Ин нафарони кордону бомасъулият Хушвахтов Исмон, Муродов Бобоҷон, Зардиев Абдуҷаббор, Ҳакимова Ҳикоятмо, Аъзамов Хурсанд, Ҳақназарова Зулайхо ва Валиева Саъбагул мебошанд, ки дар собиқаи роҳбарии худ тавонистанд дар роҳи тарғиби ғояҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда гузоранд. Мо насли ҷавон кӯшиш менамоем аз таҷрибаҳои ин шахсиятҳои баруманд баҳра гирифта, бо садоқат ва масъулияти баланд вазифаҳои ҳизбиву давлатии хешро иҷро намоем.

Мо насли ҷавони ҳизб набояд фаромуш созем, ки дар ҳар давру замон ҷомеа ба нерӯи муттаҳидкунанда ва пешбаранда ниёз дорад ва дар акси ҳол ба буҳронҳои амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Таъсис ёфтани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ба марҳилае рост омад, ки миллати ҷафокашидаи тоҷик дар гирдоби нобасомониҳо ва фитнаву иғвои ҳангомаҷӯёну бадхоҳони миллат қарор дошт. Истиқлолият дар хатар ва ҷомеа дар ҳолати парокандагӣ буд. Маҳз дар чунин марҳилае, ки ҷомеа ба буҳрони амиқи идеологӣ дучор гардида буд, ташкили нерӯи сиёсие барои ислоҳи чунин вазъ лозим омад. Ин нерӯи сиёсӣ бо номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба майдони сиёсат омад ва тавонист буҳронҳои идеологӣ ва сиёсиро аз байн бурда, ҷомеаро ба сӯи созандагиву бунёдкорӣ раҳнамо гардад. Яъне Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ғояҳои созанда ва зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нерӯи солими сиёсӣ табдил ёфта, ҷомеаро муттаҳид кард ва ба ояндаи дурахшон умед бахшид.

Барои чи ҳизби мо Ҳизби Халқии Демократӣ ном гирифтааст? Барои он ки ҳадафи асосиаш хизмат ба халқ ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои халқ мебошад. Маҳз ҳамин ҳадафҳои олӣ, ки аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба ҳизби роҳбарикунанда табдил дод. Имрӯз Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо фарогири самту соҳаҳои идеологӣ, балки ҳарбиву амниятӣ ва саноату хоҷагидорӣ низ мебошад. Яъне дар ҳақиқат ҳизб ҳамаи самтҳоро роҳбарӣ мекунад ва бояд ҳам чунин бошад. Назария, хати маш, самт ва тадбирҳои сиёсие, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон коркарда намудааст, такягоҳ ва зербинои шаклгирии идеологияи ягона ва устувории ваҳдати миллиро ташкил менамояд.

Рақибони сиёсии мо ва баъзан нафароне, ки ба моҳияти системаи идоракунии давлатӣ ва нақши ҳизби роҳбарикунанда дуруст сарфаҳм намераванд, аз нодонӣ эродҳое мегиранд, ки гӯё Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ягон фишанги таъсиррасон надорад ва ё баъзеи дигарашон аз ҳасад иддао пеш меоранд, ки ин ҳизб дар пешрафти фаъолияти худ аз фишангҳои маъмуриву сиёсии давлат истифода мебарад. Аз як тараф чунин кутоҳназарон дарк карда наметавонанд, ки ҳадафи ба сари қудрат омадани ҳар як ҳизби сиёсӣ ин пеш аз ҳама ба даст овардани фишангҳои давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу барномаҳояшон мебошад. Аз тарафи дигар, ин таҷрибаи ҷаҳонист, ки барномаи ҳизби ғолиби парлумон барномаи амали ҳуқумат буда, кобинаи ҳукуматро маҳз ҳизби ғолиби парлумон таъсис медиҳад ва тамоми фишангҳои маъмурӣ ба дасти ҳамин ҳизб мегузаранд. Инчунин, набояд фаромӯш сохт, ки дар кишвари мо маҳз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фишангҳои имрӯзаи давлатдории миллии тоҷиконро бо назардошти ҳимояи манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои мардум коркард ва мавриди истифода қарор додааст. Ин воқеият албатта мояи ифтихор аст ва дар айни замон бар души ҳар яки мо фаъолони ҳизб дар роҳи ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ масъулияти бузургеро мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар бораи дастовардҳои солҳои охири кишварамон возеҳу равшан таъкид намудаанд. Муҳтавои суханрониҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мо солҳои охир ба пешрафтҳои назаррас ноил гашта истодаем. Ҳамаи ин комёбиҳо дар заминаи амалӣ шудани Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ба даст омада истодааст, ки самари Истиқлолият ва натиҷаи сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад.

Қобили зикр аст, ки муваффақиятҳои сохторҳои ҳизбӣ бо роҳи иҷро намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии ҳизб бо истифода аз механизмҳои муассир ва системаҳои мукаммалу мушаххаси корӣ ба даст омадаанд. Махсусан, соли 2018 дар доираи эълон намудани Соли тақвияти робита бо маҳал барои аввалин бор ба таври фарогир таъсис додани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаву маҳаллаҳо ва соли 2019 дар доираи эълон намудани Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ба таври васеъ ба роҳ мондани суҳбату вохӯриҳо дар маҳал, ройгон тақсим намудани беш аз 1 млн нусха нашри махсуси нашрияи “Ҳамрози халқ” миёни сокинони деҳот ва ба корҳои амалӣ ҷалб сохтани мардум нишонаи он аст, ки сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат масъулияти баланд эҳсос менамоянд.

Натиҷаи ҳамин низоми мукаммали коргузорӣ буд, ки солҳои охир Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид ва якҷоя бо фаъолони ҳизб дар бисёр самтҳо, хусусан тарғибу ташвиқ дар маҳал, истифодаи васеъ аз васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нашри гузориш ва андешаву вокунишҳо, ба низом даровардани системаи омор ва баҳисобгирӣ, инчунин, дар самти кор бо ихтиёриён ва маҳфилҳои доимоамалкунанда дар сатҳи вилоят ва ҳатто миёни шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мақоми пешоҳангиро касб намудем. Ҳамзамон, месазад қайд намоем, ки дар се соли охир дар шаҳри Кӯлоб барои аввалин бор нақшаи обуна ба нашрияи вилоятии ҳизб – “Ҳамрози халқ” пурра ва пеш аз муҳлат иҷро гардид, ки дар ин росто мехоҳам ба раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Иноятзода Баҳром барои дастгириҳояшон изҳори миннатдорӣ намоям.

Лозим ба зикр аст, ки соли 2019 барои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва умуман барои ҳизбиёни шаҳр соли барору комёбиҳои бемисл ба ҳисоб меравад. Зеро соли равон ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба шаҳри Кӯлоб дар баробари даҳҳо иншооти ҷашнӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд. Бояд гуфт, ин калонтарин бинои маъмурии ҳизбӣ дар кишвар мебошад, ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Дар робита ба ин ва дигар хизматҳои беназирашон мехоҳам сипосу миннатдории беандозаи тамоми ҳизбиёни шаҳри Кӯлобро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намоям.

Ҷавобан ба ҳама он дастгириву фидокориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳастии худро ба халқи хеш бахшидаанд, мо ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб дар қатори дигар мардуми матиниродаи кишвар дар роҳи созандагии Пешвои миллат қадам гузошта, дар устувор намудани заминаҳои таърихии тамаддуни нави давлатдории миллати тоҷик саҳми арзандаи худро мегузорем.

ОРЗУ ҲАМИДИЁН - РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg