БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Захираҳои обӣ ҳамчун сарчашмаи рушди иқтисод

АНДЕША. Аз пайдоиши ҷомеаи инсонӣ то имрӯз дар робита ба масъалаи об ва нақши он дар инкишофи оламу зиндагии рӯзмарраи инсоният сиёсатмадорон, коршиносон ва олимони соҳаҳои мухталиф андешаҳои зиёд пешниҳод кардаанд. Зеро захираҳои обӣ унсури муҳимми сармояи табиӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар сурати норасоии захираҳои обӣ зарурати ҷустуҷӯ намудани роҳҳои оптималӣ ва сарфакорона истифодабарии онҳо пеш меояд. Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон истеъмолкунандагони асосии захираҳои обӣ соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити иқтисоди бозоргонӣ истифодабарии самараноки захираҳои обӣ муттаҳидшавии мақсадҳои рушд ва ҳамкории хоҷагидории кишоварзӣ ва обӣ ҳамчун як ҷузъи кулл дар амал бояд татбиқ шавад. Стратегияи истифодабарии захираҳои обӣ бояд дар худ санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ, техникӣ ва чораҳои ташкилӣ – иқтисодиро барои рушди хоҷагидории обӣ фароҳам орад.
Вобаста ба ин масъала дар муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Бояд ҳама дарк намоянд, ки қимати об аз қимати нафту газ, ангишт ва дигар намудҳои сӯзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ камтар нест! Муҳимтарин захираи табиии истифодашаванда об мебошад».
Маҳз об аст, ки тамоми соҳаҳои зиндагии инсонро аз таваллуд то марг, аз воситаи ғизо то инкишофи иқтисодиву саодати ӯ, аз покизагиву сиҳатӣ то ғизои маънавӣ ва оғозу равнақи фарҳангии вай маънӣ мебахшад ва ба рушди он мусоидат менамояд. Аммо мушкили асосӣ он аст, ки дар замони ҳозира дар ҷаҳон хавфи кам шудани оби ошомиданӣ ва нокифоя будани он барои инсоният, ифлосу заҳролудшавии захираҳои обӣ хеле босуръат идома дорад. Истифодаи бехирадонаи об ба он оварда расонидааст, ки дараҷаи тоза будани он паст гардида, нафақат саломатии одамон, балки мувозинати экологии биосфера ҳам коҳиш меёбад.
Мувофиқи ахбори расонаҳои гуногун ҳоло дар сайёра тақрибан 1 млрд. аҳолӣ аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ва 2,5 млрд. нафар аз оби пурра тозанакардаро истеъмол менамоянд.
Дар кишвари мо низ бо вуҷуди фаровонии захираҳои об як қисми аҳолӣ аз сабаби набудани шабакаҳои обрасонӣ ва дастрасӣ надоштан ба оби тоза бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳбуди таъминот бо об ва ноил шудан ба дигар ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола «Барномаи беҳтар сохтани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи ошомиданӣ барои давраи солҳои 2008-2020»-ро қабул намудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои дар ин самт андешидашуда дар давоми 5 соли охир қариб 1,2 миллион нафар бо шароити беҳтари истифодаи об таъмин шуда, зиёда аз 600 ҳазор нафар ба истифодаи оби тоза дастрасӣ пайдо кардаанд.
Бояд қайд намуд, ки мушкилоти зикршуда хусусияти умумибашарӣ дорад ва бояд аз ҷониби омма бо иштироки васеи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаллу фасл гардад.
Аз ин рӯ, роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои сиҳибистиқлолиятӣ ба ҳаллӣ масоили об, чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Бояд қайд кард, ки Ҳукумати кишвар дар сиёсати стратегии хеш истифодаи оқилонаи захираҳои обиро дар амалӣ сохтани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ба роҳ монда, дар ҳалли проблемаҳои минтақавӣ, аз ҷумла таъмини барқи аз нигоҳи экологӣ тоза мусоидат менамояд.
Мусаллам аст, ки оғози асри ХХI барои давлати тозаистиқлоли мо давраи марҳилаи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона доир ба дастрасии оби тоза ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта мебошад.
Ҳамин тавр, бо даъватҳо, пешниҳодҳо ва маҷмӯи барномарезиҳое, ки дар фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тадбирҳои Ҳукумати кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об ҷараён гирифтаанд, метавон ба ин натиҷа расид, ки иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби обӣ қабул гардидани қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба:
• соли 2013 эълон гардидани Соли байналмилалии «Оби тоза»;
• соли 2005-2015 эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт»;
• соли 2013 эълон гардидани Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об;
• солҳои 2018-2028 эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мебошад.
Дар радифи ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об ҳадафи асосии Сарвари давлат ҳам он аст, ки дар доираи муносибатҳои ҳамгироии минтақавӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мушкилоти таъмини оби тоза ва муҳити зист, зарурати ҳифзи захираҳои обӣ, истифода ва танзими оқилонаи онҳо муваффақ гардем. Ин эътирофи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки сари масъалаи ҳифз ва истифодаи самараноки об боз ҳам пурмасъулият бошем.

Нуров Ш.С., н.и.и., дотсент, мудири кафедраи менеҷменти молиявии ДДМИТ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg