
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Идораи об”-и ноҳияи Ховалинг хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид.
Дар назди ҷамъомадагон намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ба таври муфассал маълумот дода, аз баромад иштирокдорон дар бораи пешниҳодҳои нави Пешвои миллат, истифодаи сарфаҷӯёнаи нерӯи барқ, хатари афзояндаи терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, мубориза ба нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО маълумоти пурра пайдо намуданд.
Аъзои ташкилот дар ҳамкорию ҳамдастӣ бо ҷонибдорони ҳизб дар асоси Аксияи ҳизбӣ ба оилаи ниёзманди ҷомеа ба миқдори муайян кӯмаки молиявӣ расониданд.