БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-ҶАВОНТАРИН ҲИЗБИ СИЁСӢ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ноҳияи Фархор бо иштироки роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия мулоқот баргузор гардид.

Мавсуф зимни суханронӣ қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ ваҳдату ягонагӣ, таъмини ояндаи неки кишвар аст. Имрӯз аъзои ҲХДТ-ро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд. ҲХДТ аз ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишварамон буда, метавон онро зодаи истиқлол номид. Ҳадафи ташкили ин ҳизб, ки дар он нерӯҳои ақлонии кишвар ба ҳам омадаанд, бо роҳи мусолиҳа ва гуфтушунид ҳал кардани масоили сиёсӣ буд, маҳз ҳамин таҷрибаи аъои ҳизби мо метавонад худ як омили сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар бошад. ҲХДТ чун ҳизбе ба майдон омад, ки ба ҷомеаи феълии Тоҷикистон такя дошт. Вай эълон кард, ки ҷонибдори давлати қавии иҷтимоист.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg