БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҲИЗБИ МАРДУМӢ ВА ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚ АСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилотҳои ибтидоии «Гулшан 1 ва 2”-и Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор мулоқот баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин ҳозиринро бо 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрику муборакбод гуфта, дар бораи дастовардҳои 25 солаи ҳизби пешбарандаи ҷомеа суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон кайд карданд, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда,  аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфтааст. Имсол аз таъсиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ  мегардад. Бисту панҷ соли талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол  далели он аст, ки  ҲХДТ дар хизмати мардум аст. Зеро он   аз иродаи  мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати  кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат  барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ва аркони давлатдорӣ  саҳми сазовор гузоштаст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg