БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ НОҲИЯИ ПАНҶ БА ДАВРИ НАВБАТИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.

Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и ноҳияи Шаҳритуз мусобиқаи футбол байни дастаҳои бозингарони ноҳияи Панҷ ва ноҳияи Шаҳритуз барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон” доир гардид.

Нахуст,  намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловуддин баромад намуда, иброз дошт, ки ба варзиш машғул шудани ҷавонон боис мегардад, ки онҳо ҳам аз ҷиҳати мафкуравӣ ва ҳам аз ҷиҳати  саломатӣ дуруст ба воя бирасанд.

Ҳамзамон, баргузор намудани мусобиқаи мазкур ин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва мустаҳкам кардани робитаи дӯстона миёни ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ҳисоб меравад.

Мусобиқа байни дастаҳо шавқовар гузашта, бо нишондоди 3:2 бо ғолибияти дастаи ҷавонони ноҳияи Шаҳритуз анҷомид.

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg