БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИҲОЛИ ПУРСАМАРИ ҲХДТ

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар китобхонаи марказии шаҳри Норак мизи мудаввар таҳти унвони “Ниҳоли пурсамари ҲХДТ ” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур  роҳбарияти Кумитаи иҷроия баромад намуда қайд кард, ки  тӯли 25 сол аст, ки ҲХДТ бо шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!” ва   таҳти  роҳбарии Раиси муаззами худ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сиёсии кишвар ҳамчун ҳизби ҳоким фаъолият намуда истодааст.

Дар тӯли 25 соли фаъолияти худ ҲХДТ  ба дастовардҳои зиёде дар ҷодаи сиёсати дохилию хориҷӣ ноил гардида, дар  бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд.

Дар охир  ба фаъолони ҳизб барои иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҳизбӣ Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg