БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМЕША БА ХАЛҚУ МИЛЛАТ СОДИҚОНА ВА БО ДАСТУ ДИЛИ ГАРМ ХИЗМАТ БОЯД КАРД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Тибби оилавӣ” бо иштироки намояндагони ҳизбӣ  мулоқот баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъулин  суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамаи муваффақиятҳои ба даст омада дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд. Пас моро зарур аст, ки зери ин сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат муттаҳид гардида, ҳамаҷониба барои ободии Ватан ва зиндагии шоистаи мардум саҳми хешро гузорем.

Дар навбати худ Айниев Алихон баромад карда гуфт, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз соҳаи тандурустӣ ҷиҳати солимии миллат, ки яке самтҳои асосии барномаи ҳизбро ташкил медиҳад, содиқона ва бо дасту дили гарм ҳамеша ба ҷомеа хизмат хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg