БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ТАНҲО БАРОИ МАНФИАТҲОИ ХАЛҚ ТАЛОШ МЕНАМОЯД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба иҷрои ҷадвали суҳбату вохӯриҳо дар  ташкилоти ибтидоии “Тудакафш”  бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот анҷом дода шуд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ  иброз доштанд, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз фаъолияти самараноки ҳизб оид ба ҳамкориҳо бо мактабу маориф изҳори минатдорӣ намуда, барои фаъолияти минбаъда дар раванди чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ барои ҳизбиён мувафақият орзу намуданд.

Инчунин, ҳамагон ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муборакбод карда шуда, зикр гардид, ки имрӯз ҲХДТ ҳамчун ҳизби ғолиб дар парлумони мамлакат барои амалишавии ормонҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ талош карда, ҷомеаро дар доираи самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ ба созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ карда истодааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg