БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободонии Ватан аз ободии маҳал оғоз мешавад

А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар маҳаллаи Зарнисори ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрии навбатии гурӯҳи таблиғотӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммадовуд Ҳалимов бо иштироки васеъи занону  ҷавонон ва сокинони  маҳалла баргузор гардид.

20180331_095412.jpgГурӯҳи кории ҳизбӣ зимни суханрониҳои хеш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ роҳнамои халқ буда, тамоми ҳунармандони мардумӣ ба хотири рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ онро  бояд дастури амал қарор диҳанд.

Дар охир Муҳаммадовуд Ҳалимов ҷараёни кори вохӯриро ҷамъбаст намуда, ҳамагонро ба якдиливу якдигарфаҳмӣ ва ҳифзи марзу буми Ватани азизи хеш даъват намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg