БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ СОЗАНДАГИРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШЕМ!

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо чунин мақсади наҷиб дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки ҲХДТ роҷеъ ба роҳандозӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавонӣ 1»-и деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Норин бо иштироки фаъолони  маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба таҳсилу касбомӯзии духтарон, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, тарбияи дурусти фарзанд дар руҳияи баланд ватандӯстӣ, пешгирии хушӯноти оилавӣ нисбати занон ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда шуд.

Мардуми деҳаи Пахтакор сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукуматро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки дастуру супоришҳоро дар амал ва зиндагонӣ татбиқ менамоянд.                  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg