БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ АЗ МАКТАБ САРЧАШМА МЕГИРАД!

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки фаъолон ва аъзои ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат»-и Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон  дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54 атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ дар самти рӯ овардани мардум ва падару модарон ба мактаб, назорати дурусти сару либоси хонандагон, дар таътили тобистона ҷалби хонандагон ба китобхонӣ, иштироки падару модарон дар дарсҳои омӯзгорон, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва атрофи сиёсати маорифпарваронаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба Ватан баргардонидани 84 нафар ноболиғон аз зиндонҳои давлати Ироқ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риояи фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg