БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБОНИ ФАЪОЛ ДАР ҶАШНИ 25-СОЛАГИИ ҲХДТ БО СИПОСНОМАҲОИ ҲИЗБӢ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  “Тандурустӣ”-и ноҳияи Ёвон бахшида ба ҷашни 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст дар оғози сухан аз ҷониби роҳбарияти ташкилоти ибтидоӣ  оид ба саҳми аъзои ҲХДТ дар соҳаи тандурустӣ ва иштироки онҳо дар татбиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ  дар зарфи 25 сол  андешаронӣ карда шуд.

Сипас,  намояндагони ҳизбӣ зимни суҳбат  қайд карданд, ки  нақши табибон дар барқарорсозии Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ бағоят калон буда, итминон дорем, ки  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Дар охир ба як қатор табибони фаъол, ки дар амалигардонии ҳадафҳои созандаи ҳизб нақши муассир доранд,  Сипосномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg