БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН САР МЕШАВАД АЗ ГАҲВОРА…

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, ободу зебо намудани деҳаи худ, саҳм гузоштан дар пешрафти Тоҷикистони азиз дар ташкилоти ибтидоии “Гулдара”-и деҳаи Гулдараи Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон  бо иштироки сокинон, хоса занону бонувон вохӯрӣ  баргузор карда шуд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ба роҳи дуруст тарбия намудани фарзандон, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ,  пешгирии бемории батулизм ва ғайра андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ намояндагони соҳаи тибби низ иштирок намуда, оид ба сиҳатии омма фикру мулоҳизаҳои хешро баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg