БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонони бонангу номус ба дифои Ватан раҳсипор гардиданд

ШАҲРИТУЗ. Дар майдони Исмоили Сомонии шаҳраки Шаҳритуз чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба гусели ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони ноҳияи Шаҳритуз баргузор гашт.

Вохӯриҳо аз тарафи кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар маҳал гузаронида шуда, ки яке аз масъалаҳояш дар руҳияи ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавононро дарбар мегирифт, самараи неки  худро бахшид.

Яъне дар рӯзи аввали даъват 34 нафар ҷавонписарон ба қисмҳои ҳарбӣ-низомии ҷумҳурӣ тантанавор бо суханронии шахсони кордидаву рақсу сурудҳо раҳсипор гаштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg