БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУШДИ ТУРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. “Як нуқтаро таҳкид менамоям, ки  ба раванди созандагии ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки бо истифода аз он зиндагии худро пеш барад!”.  Эмомалӣ Раҳмон

Пас моро зарур меояд, ки ба гуфтаҳои Пешвои худ ҳам назар буда, баҳри баланд бардоштани ҳунару ҳунармандӣ ва ҷалби сайёҳон ба минтақаҳои Тоҷикистони азизамон талош кунем.

Бо ташшабуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  солҳои 2019- 2021  “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.

Албатта барои ин ҳадафи пурмазмун танҳо як сол басанда набуда, балки даҳҳо сол лозим меояд. Яке аз ҳадафҳои асосӣ дар эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ин зинда гардонидани ҳунарҳои қадима ва  ҷалби сайёҳҳон ба кишвар (минтақаҳои Тоҷикистон) ба воситаи сайёҳон ва ҳунарҳои марумии тоҷик ва Тоҷикистонро муаррифи кардан дар арсаи байналмилалӣ ва аз даромади соҳаи сайёҳӣ обод намудани деҳотҳои мамлакат ва кишвари азизамон мебошад.

Бо гузашти солҳо ва баромадани техникаву техналогияҳои замонавӣ қариб, ки ҳунарҳои қадима аз байн рафта буданд, аз ҷумла кӯлолгарӣ, чармгарӣ, оҳангарӣ, табақтарошӣ, чакандӯзӣ ва ғайраҳо, ки ҳунарҳои қадима буданд онҳоро кам истифода мебурданд, мебояд онҳоро бояд зиёд кунем. Ҳадафи дуюм ин рушд додани корхонаҳои хурду миёна дар деҳот ва ободу зебо гардонидани муҳитҳои деҳот. Ҳадафи сеюм бояд тавваҷуҳи сайёҳонро ба деҳот тавваҷуҳи мардуми деҳотро ба ҳунарҳои қадимаи мардумӣ зиёд кунем. Ҳадафи чорум бояд ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мавзеҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои қадимаи худро омӯзад ва муаррифкунандаи кишвари худ дар арсаи ҷаҳон бошад.

Дар солҳои охир тавваҷуҳи мардум ба ҳунарҳои қадима кам шуда буданд. Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар доираи солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавваҷуи мардуми тоҷикро ба ҳунарҳои қадимаи тоҷикон зинда кард ва ба онҳо барои ободу зебо гардонидани кишварамон ва омӯхтани ҳунарҳои мардуми такони ҷиддӣ дод, то ки кишварамон ободу зебо гардад ва тавваҷуҳи сайёҳҳон ба кишварамон зиёд гардидан.

Солҳои пеш деҳотҳо мушкилиҳои зиёде дошт, аз ҷумла нарасидани оби нӯшокӣ, муасисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ майдончаҳои варзишӣ, ҳамому корхонаҳои дӯзандагӣ танқиси мекашиданд. Маҳз соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сабаб шуд, ки дар заимн дар ҳар як деҳот корҳои ободкориву созандагӣ босуръат оғоз гардида, дар як соли (2019) зиёда аз 40%-и онҳо сохта ба истифода дода шуданд ва боқимонда то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2021) бояд пурра ба истифода дода шаванд.

Хулоса ҳар як давлатро аз рӯйи расму оин муқаддасотҳои миллӣ  ҳунарҳои қадима ва куҳҳои таърихиаш мешиносанд. Бояд зикр кунам, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли моро бо ҳунарҳои қадимаи беш аз 1500-сола ва куҳҳои осмонбусу таърихиаш, ки ҳамеша баҳор дорад мешиносанд.

Қосимов Сайфулло – аъзои фаъоли ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg